Тавассути васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар хатари мудҳиши терроризму экстремизм, оқибатҳои фалокатбори он ва гардолудшавии фазои ободу ороми давлатҳои алоҳида инъикос мегарданд.   Дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон терроризму экстремизм яке аз хатарҳои асосӣ ба амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳсуб меёбад ва барои муқовимат бар зидди он давлат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, фаъолона мубориза бурда истодааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари СММ баромад карда, таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад. Ин зуҳуроти номатлуб проблемаи тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд муборизаи дастҷамъона баранд.

Гурӯҳу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта чун ҲНИ ва роҳбарону аъзои онҳо худро ҳамчун мусулмони комил, пок, ҳақиқатпараст, адолатпарвар, ҳомии дин ва пошандаи тухми некӣ муаррифӣ карда, ақли дигаронро дуздида онҳоро гумроҳ намуда, бо даъвати гӯё «ҷиҳод» ба сафи худ шомил месозанд. Дар ҳоле, ки разилтарин, бадтарин, пасттарин ва нопоктарини нопоконанд. Ҷиҳод аслан чизи дигар аст, ки Худованд дар Қуръони маҷид моҳияту мақсади онро баёну муқаррар намудааст. Он ба терроризму экстремизм ҳеҷ робитае надошту надорад. Барои дарки амиқи он тафсири Қуръон, ҳадисҳои пайғамбар (с) ва дигар ҳуҷҷату далелҳои зиёде мавҷуданд ва ба пуррагӣ исбот мекунанд, ки терроризму экстремизм аз ислом набуда, мусулмон террорист нест. Мо бояд Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомали Раҳмонро дастгирӣ намоему дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесубот намудани кишвар роҳ намедиҳем. Зиракию ҳушёрии сиёсии хешро дар кадом ҳолате, ки набошад аз даст надиҳем.