Мо, ҷавонони фаъоли ДПДТТ пас аз мутоилаи “Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ» дар мавриди гӯиё шиканҷа шудани маҳбусон ба чунин хулоса омадем, ки рақибони заифи сиёсии мо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ бо ҳамсоягон мехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки амну суббот ва адолат дар кишвар пойдор нест. Ташкилоти терорристи ҳизби наҳзати ислом пас шикаст андар шикасти худ дар ҷанги иттилоотӣ баҳонаро бофта баромаданд, ки гӯиё маҳбусон зери шиканҷа суханҳои дурӯғро ба аҳли ҷамъият пешниҳод мекунанд. Онҳо Саидқиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторовро, ки чеҳраи аслии ҲНИ –ро кушода доданд, ҳамонгуна, ки зери шиканҷаю азоб бардурӯғ нишондод додан унвон мекунанд. Аммо ҳар ду ин чеҳраи тобноки ҲНИ худ иқрор шуданд, ки асли воқеиятро гуфтаанд ва ягон нафар онҳоро ба ин кор маҷбур накардааст. Онҳо бо амри дилу виҷдон аз шармсорӣ назди миллат ба чунин амал даст заданд. Мо ҷавонон   бояд донем,  ки мақсад  ва ҳадафҳое, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҲНИ дорад, ин  вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат аст. Онҳо дар зеҳну мафкураи ҷавонон эҳсоси бадбинӣ ва нотавонбиниро нисбати миллат талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш дода, вазъи мустақили ва сулҳу суботро дар кишвар вайрон мекунанд. Ба маънои дигар эшон дар ниқоби ислом дар ниҳоди ҷавонони гумроҳ амалҳои ифротиро ҷо мекунанд.

Сухану амали аъзоёни ин ҳизб ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад.  

Ҷамшед Мирсаидов, сардори бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ,

Хиромон Пӯлодова, донишҷӯи курси 4, факултети информатика ва энергетика

Маърифат Мавлонова, котиби масъули нашрияи “Меҳвари дониш”-и ДПДТТ

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи курси 3, факултети сохтмон ва нақлиёт