Мо,  ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол бояд донем, ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Вазифаи ҷонии донишҷӯён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун  намесозад ва соҳибобрӯ намегардонад. Бояд мо пеш аз ҳама Ватани худро дӯст дорем. Побанди ҳар банду макру ҳиял нагардем.

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ дар ниҳоди худ мепарваранд, онҳоро бо мисолҳои возеҳ метавон баён намуд, ки ягона мақсади онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат мебошад. Бояд мо рӯирост гӯем, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ин ки куллан хатост!

Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунанд ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад?, ҳаргиз на!

Маҳз ҳамин  мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Бояд ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву ормии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо хоби орому осуда дорем. Барои фардои фарзандонамон фикр мекунем.  Фардои хуррами фарзандонамонро давлат кафолат додааст, пас моро мебояд, ки барои тин миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.  

 

Гурӯҳе аз ҷавонони фаъоли донишкада