Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аммо ақидаи нохалафоне баъзан ин оромию суботи ҷомеаро халалдор кардан мехоҳад.

Мо якдилона тарафи онҳое, ки ба миллати мо нигоҳи ҳаразона доранд гуфтанием, ки ин қавму миллат аз худ соҳибе дорад, ки ному нишони он дифоъ хоҳад кард. Ин сарзамин фарзандонеро дар баҳал дорад, ки барои сулҳи он ҷон фидо мекунад. Ва бар зидди тамоми душманонаш бо тавону нерӯи заковаташ меҷангад. Зеро силоҳи мардуми ваҳдатшиори мо ин иродаи қавию матонат аст.

Билохира бо итминоми комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи миллат месупоранд.