Ҳеҷ кас инкор карда наметавонист, ки паёмони миллии созмондодаи Кабирӣ ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки зери ниқоби нав мехоҳад асолати террористӣ доштанӣ ҷиноятҳои содиркардаашро пинҳон намояд.

Ҳамзамон, онҳо якчанд сомоначаи шармшикан сохтаанд, ки аслан пур аз маводи аз дигар сомонаҳо рубардоркардашуда аст. Онҳо хабарҳоро ба таври дилхоҳашон таҳри карда, баъзан хулосаҳои песимистонаи бемаънову мантиқи худро илова карда гӯиё “шедевр” месозанд. Навиштаҳои “интиқодиашон” чунон примитив аст, ки ҳатто онҳоро чор наҳзатии худашон намехонад. Зеро маълум аст, ки ҳама гуфтаҳояшон буҳтон ва пур аз ғаразу иғво ва манфиатҳои сиёсист. Аз сӯи дигар он ҳама иғвову дуруғпарокании онҳо дар доираи лоиҳаҳои муайяне роҳандози шудааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешавад. Аз ин рӯ касе навиштаҳои фармоишшудаи онҳоро ҷиддӣ намегирад ва дар васоити ахбори оммаи расмӣ ҳам касе аз онҳо иқтибос намеорад. Бо ин амалашон онҳо ба сарпарастону хоҷагони аҷнабии худ нишон додани мешаванд, ки гуё фаъолият намуда истодаанд. Аммо бехабар аз онанд, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонид, радди маърака шуданд ва ба ҷуз аз хоҷагони хориҷиашон дар ҷомеа ба касе лозим нестанд.

Зимнан, Кабирӣ роҳи дигари фитнаро пайгирӣ намуда, барои руйпуш намудани амалҳои зишти тайнамудааш, дар ҷаласаҳои ташкилотҳои байнлмилалӣ баромад намуда, дар суханрониҳояш ислоҳоти маъмулу гулзананда ба монанди демократия, парламентаризм, либерализм ва монанди инҳоро ба навбат истифода бурда, дар пеши созмонҳои байнанхалқӣ худнамоӣ нишон дода, бо ин васила мехоҳад барои худ дар Аврупо ҷойгоҳи хосае пайдо кунад.

Аммо ба тадриҷ муҳтавои дуруғини баромаду муҳосибаҳо, суханрониҳо ва иғввогариҳои интернетии Кабирӣ барои ҷомеаи аврупойӣ ошкор шуда истодаанд ва тадриҷан парда аз рӯи фиреби наҳзатиҳо бардошта шуда истодааст. Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст. Дар зимн васоити ахбори оммаи Амрико ба мисли “Садои Амрико” ва “Радиои Озодӣ” бо  такя ба манбаҳои муътамади худ  тасдиқ намуданд, ки қатли ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кори дасти наҳзатиён аст.

Аллакай ТЭТ ҲНИ дигар ҳамон обрӯи сунъии худро ҳам надорад. Баръакс, ҷаҳониён рафтори онҳоро маҳкум мекунанд.

Мардуми шарафманди баору номуси тоҷик, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ин гуна дасисаҳоро таҷриба кардаву талхии онҳоро чашидаанд, ҳама гуна ҳаракатҳои ташкилотҳои экстемистӣ ва террористиро маҳкум менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.