Моҳҳои охир мавзӯи асосии наҳзатиён ин ба авзли сиёсии Бадахшон равыона карда шудааст. Наҳзатиён  ё бо номи дигар узви созмони «Паймони миллӣ» бо ин амали худ мехоҳанд ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ латма ворид созанд. Бо ин вуҷуд бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ карда фаромӯш намудаанд, ки халқи тоҷик сабақи хуби таърихиеро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба худ гирифта, дар фарқ аз чор наҳзатии хоину ватанфурӯш,  бар ватани худ содиқанд.

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин пиёда намоянд. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандози намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад.