Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст. Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Сокинони кишвар бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва фазои ободу озод зисту зиндагонӣ доранду ҳар яке аз пайи кору фаъолияти худ аст. Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садои хурсандӣ ва суханони меҳрбор танинандоз аст. Эҳсос мешавад, ки вуҷуди ҳар як соҳибватанро ифтихори миллӣ фарогир аст. Махсусан, ҳар як суханронии пур аз меҳру садоқати Сарвари давлатро сокинон бо вуҷуди том гӯш менамоянд, ки  дар ботини ҳар як сокини меҳандӯст ҳисси боварӣ ба  фардои дурахшони кишварро боз ҳам қавитар менамояд. Бо кӯшишҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати кишвр миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Вале, ин ҳама барои онҳое, ки умуман пешравии кишвари моро дидан намехоҳанд,  ҳамчун намак барои ҷароҳат пошидан аст. Махсусан, саркардаҳои ҲНИ ва даҳҳои тани дигар ин ободиро дида, қарор доданд, ки бо як ҳамоиш  ба иғвову дасиса оғоз бахшанд.

Имрӯз вазъияти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муборизаи оштинопазир баранд, на ба ҷинояткорони махсусан хавфноке, ки гуноҳашон исбот гардида, ба мақсади сар тофтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои мухталиф паноҳ бурдаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд.

Хоинони миллат пас аз ин қадар хиёнатҳо боз фитнаҷӯӣ ва носипосӣ намуда,  бо эътироз ва норозигӣ аз боздошт ва ҳабси аъзоёни собиқ ҲНИТ  худро ҳамчун хешовандони дастгиршудагон шуморида, иштирок намудаанд.  Ин эътирозчиён на хешовандон балки шарикон ва сарварони амалҳои ҷинояткоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ мебошанд.

Ин гурӯҳи кӯрнамак аз гузаштҳо ва  шароити муҳайёнамудаи давлат носипосӣ намуда, мақсади бо роҳи зӯроварӣ сарнагун сохтани ҳукумати қонуниро доштанд ва имрӯз бешармона аз поймол гардидани ҳуқуқҳои худ сухан меронанд.

ҲНИ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикон боқӣ мондаанд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд. Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд. Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем .