Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҷараёни зарурии ҷомеаи имрӯза буда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ равона мегардад ва хусусияти ҷаҳонӣ дорад. Кадом омилҳое мавҷуданд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ заруранд? Пеш аз ҳама донистани забон ва урфу одати мардумони он давлате, ки ба он ҷо нияти рафтан доред.     Донистани забони русӣ, забони англисӣ ва дигар забонҳо айни муддаост. Ҳалли ин масъала асосан вазифаи омӯзгорони фанҳои номбурда аст. Ташкили маҳфилҳои гуногун аз ин фанҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ ба монанди ҳафтаҳои фаннӣ, конфренсияҳо, шабҳои саволу ҷавоб аз манфиат холӣ нест. Лекин аз ҳама пеш дарк намудани худи шахс, ки донистани забонҳо заруртарин омил аст, асоси пешравиҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад. Падару модарон ҳам дар ҳалли ин масъала бояд бетараф набошанд. Маҳз риоя накардани чунин талаботҳо боиси сар задани мушкилиҳо мегардад. Аммо душманони заифи мо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аз паша фил месозанд. Имрӯз муҳоҷирини мо натанҳо дар сохтмону дигар соҳаҳо фаъолият доранд, балки чун олими тавоно, сиёсатмадор ва пешсафи ҷомеаи Русия кор мебаранд.