Имрӯзҳо тавассути шабакаи иҷтимоӣ силсилаи видеороликҳо оид ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия нашр мешавад. Мутаассифона,  истифодабарандагони шабака ба иғвоҷӯиҳои чанде аз “дӯстони миллат” аз қабили аъзо ва пайравони созмони “Паймони миллӣ”  ба дурустии моҳияти масъала сарфаҳм нарафта, барои густариши дӯстии байни ду халқ халал ворид месозанд. Воқеияти ҳол он аст, ки баъзе аз шаҳрвандони мо мисли дигар халқияту миллатҳо қоидаҳои буду боши истиқоматии муваққатиро дар ин қаламрав риоя намекунанд. Барои ҳамин мавриди санҷиш қарор мегиранд. Агар дар ниҳоди нерӯҳои қудратии Русия ангезаи “тоҷикбадбинӣ” мебуд, даҳҳо ҳазор тоҷикон дар ин кишвар осоиш намеёфтанд. Пас моро мебояд, ки ба ҷои чунин иқвоҷӯиҳо барои соҳибкасб шудану забондон гардидани ҷавононамон саъю талош варзем, то онҳо тавононад ҳам барои миллат ва ҳам барои худ кор кунанд