Тоҷикистон диёри ҳамешабаҳор ва ободу озоди ҳар яки мост. Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки хамагӣ 28 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Аммо ин равшанфикрон аз озодбаёнии Соҷидаи Мирзо комилан тафовут дошт. Он замон ҳазорҳо нафар аз ноилоҷи тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Албатта аз рӯи ҳамон ҷоҳилону разилоне, ки пешравии миллатро чашми дидан надоштанд.

Маъмултарин масоиле, ки имрӯз аз ҷониби опозитсион расонаи гаштааст, ин муаммои фаъолияти Радиои Озоди дар кишвар буд, ки гӯё ин сомона бо пули Амрико дар хизмати миллати тоҷик бошад. Бояд зикр кард, ки вазифаи матбуот ин расонидани хабарҳои дақиқу аниқ аст, на бӯҳтонангез. Ба ҳамин маъни гуфтаниам, ки бо воситаи маблағи куҷо фаъолият мекунад ё не ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки бояд рӯзноманигор рисолати худро дар пешрафти кори худ донад. Соҷидаи Мирзо аз зумраи ҳамин рӯзноманигороне буд, ки паи ҳақиқат меравад ва он чи ҳаст аз он мегӯяд, на бо таҳрики мухолифони миллатҳо амал мекард.