Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯ вазифаи ҳар кадоме аз насли ҷавону худогоҳ аст, ки қабл аз ҳама аз марзу буд аз арзишҳои миллии кишварамон ҳимоят намоянд. Нагузоранд, ки ин дастоварду пешравиҳои кишвари моро бархе аз бевиҷдодону беимонҳо пушти по зананд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз ҳадафи асосии худро дар миллати мо мебинад ва алайҳи он ҳар гоҳ тӯҳмату бӯҳтони холӣ мезанад. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд.

Худ қазоват кунед, ки ин бадкирдорон то ба дарҷае озодиву амнияти миллии моро намехоҳанд,ки барои озодии зиндониёни ҷинояткоре, ки моҳи сентябри соли 2015 барои барҳам додани фазои сулҳу ваҳдат саҳм гирифта буданд, гирдиҳамои ташкил ва баргузор карданианд. Ва аз шаҳрвандони тоҷик даъват мекунанд, ки тарафдори онҳо бошанд.

Бовар дорам, ки чунин одамфиребиву иғвоандозии наҳзатиҳо дар гузашта монд. Мардум имрӯз фаҳмиданд, ки ин азҳоб чи гуна ташкилот ва барои киҳо кор мекунад. Инҳо танҳо пулпарасту манфиатхоҳананд ва барои бадаст овардани пули пучи хориҷиён аз баҳри Ватану миллаташон баромадаанд.