Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва паҳн гардидани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарноки ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди гурӯҳҳои терро­ристи ва экстремисти (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ , номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  мекунад, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад. Ҳар як шаҳрванд аз мақсаду мароми ҲНИ, ки чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, огаҳ бошанд ва ба навиштаҳои онҳо посухӣ воқеӣ диҳанд.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултет, номзади илмҳои техникӣ

Диларабо Комилова, мудири кафедраи химия ва теҳнологияи хӯрока,

Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ