Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 90- уми асри гузашта, дар он айёми басо ҳассос, замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхту мардум интизори паёми сулҳ буданд, таъсис додани ҳизби сиёсие  ногузир гардид, ки он фарогири  назару андеша  ва нигоҳи сиёсии тамоми гурӯҳҳоро фарогир бошад.

Зарур буд, ки кулли мардуми Тоҷикистонро дар меҳвари як мафкураи созанда ва нерӯи фардосози муқтадир сарҷамъ карда, ба мухолифату даргириҳои сиёсӣ хотима бахшем.

Шукрона, ки ба тинҷиву амонӣ расидем. Аммо ҳарзагӯёни созмони Паймони миллӣ ҳар лаҳзаву соат бо матну видеоҳои сохтаи худ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки дар кишвари мо ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон поймол мешавад. Ин амал дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба чашм мерасад. Албатта ин ҳама дурӯғи маҳз аст. Дар кишваре, ки қонунҳояшро риоя мекунед, хосса Русия касе ба Шумо кордор нест. Мо бояд ба ин гуна ҳарзагӯиҳо бовар накунем.