Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта боиси ба миён омадани  оқибатҳои  нохуш гардидааст. Бадбахтӣ он аст, ки сафи чунин ҳаракатҳо сол то сол зиёд гардида, онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои махсус маблағгузорӣ мешаванд. Масалан ҲНИ барои ҷомеаи кишвари мо чун ҳизби террористиву экстремистӣ хатари бештар дорад. Зеро тавре мо медонем, ин ҳизб бо ҷомаи қонунӣ пӯшонидан солҳои сол ба тавр пинҳонкорӣ фармудаҳои ҳоҷагони худро иҷро мекарданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки аксаран барои хиёнат ба Ватан, кӯшиши табадуллоти давлатӣ имрӯз паси панҷара нишастаанд.

 Мубаллиғони ҳизб барои ноором кардани вазъи ҷомеа ҳар гуна изҳоротҳои бесару нӯгро миёни омма паҳн мекунанд, ки навтарин он ин таъсиси  Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа мебошад. Дар изҳорот онҳо рӯирост ҷониби давлат ва Ҳукумати кишварро айбдор мекунанд, ки барои маҳкумшудагон фишори равонӣ намуда, онҳоро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Ин ҳама дуруғи маҳз аст. Зеро ягон амали ғайриқонунӣ нисбати маҳкумшудагон карда намешавад. Ин ҳама сохтаю бофтаи наҳзатиён аст. Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир дар посух ба чунин изҳоротҳои бардурӯғ мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро тақвият бахшем.  Дар хатми сухан бо итминони комил гуфтанием, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.

Бакаев Мирзохамид, мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ,

Авезова М.М., доктори илмҳои иқтисодӣ,

 Раупов К.С., номзади илмҳои иқтисодӣ,