Бояд қайд намуда, ки мардуми босавод ва соҳибмиилате, ки зарраи хоки ватанро ҳифз мекунад ақидаҳои ғаразноки мухолифонро маҳкум менамояд. Зеро бадбинону нобакорон ва хиёнатпешагон аз мутаҳҳамиву бесомонӣ одат кардаанд, ки нақшаҳои нопоки хешро амалӣ созанд.

Ҳоло дар пешорӯи мо насли ҷавони худогоҳ вазифае меистад, ки дар паи иҷрои он камар бандем. Ба онҳое, ки сохти Конститутсионии моро вайрон карданианд, холигоҳ нагузорем. Умаман то кай он бадтинатони мардумфиреб бо дурӯғи худ ба боварии мардум медарояд.

Итминонам комил аст, ки мардуми ватанпарасти мо нерўҳои солимро ба майдон оварда, албатта, ба умқи ҳақиқат мерасанд ва ба найрангу бозиҳои бемаънои Муҳиддин Кабирӣ эътимод нахоҳанд кард.