Мо ҳар рӯз шоҳиди даҳҳо ҳодисоту воқеоти дорои аҳамияти ҷаҳониву маҳаллӣ мегардем, ки ба ҷаҳонбинию назари сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар фарди худогоҳ  таъсири бориз мерасонад. Баръакси ҳол ҳамзамон тариқи ин ё он воситаи ахбор, ё шабакаҳои ҷаҳонӣ аз амалҳои номатлубии динситезон ошноӣ пайдо карда, табъамон хира мегардад. Хабари тазоҳуроте, ки чанд рӯз пеш дар назди сафоратхонаи Эрон шуда гузашта, то андозае моро шигифт намуд. Чун аз асли воқеа огоҳ шудем, аз нигоҳи одамиву одамгарӣ мо низ тарафдори тазоҳуроткунандагонем. Охир ҳар касе, ки он ҷо омада буд, ба худ дарде дорад. Шояд дигарон ин дарди худро ниҳон доранд, аммо ҳамонтавре, ки баён доштанд, аксарашон дар фироқи фарзандони гумкардаанд, ки тавассути таблиғоти нодурусти наҳзатиён ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Сарварон ва пайравони наҳзатиён боз шарм надошта, аз камбудиҳои ҷузъии кишвари мо ҳарф мезананд.  Эътироф намекунанд, ки маҳз онҳо барои гумроҳии ҷавонон сабабгор шуданд.

     Имрӯз мардуми тоҷик қадри сулҳу оромиро ба хубӣ дарк мекунад, зеро ки амониву осудагӣ дар кишвар бо осонӣ ба даст наомадааст. Зимнан, мардуми тоҷик  сиёҳро аз сафед фарқ карда, ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ баҳои воқеӣ дода метавонад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардум фикру ақидаи худро зидди  фаъолияти ғайриқонунии  аъзоёни ҲНИТ ошкоро баён карда метавонад. Ва ҳеҷ гоҳ намемонад, ки душманон Тоҷикистони ободро ба Афғонистони хароб ва Сурияи валангор табдил диҳанд.

Бадхоҳони миллат ба нияти нопоку разилонаи хеш нарасиданд. Зеро миллати бедору ҳушёри мо аз ҳар вақта дида муттаҳидтар гардида, сиёсати хирадпарваронаи Президенти мамалакатро дастгирӣ мекунанд. Мо як Ватан ва як сарзамини биҳиштӣ дорем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекунем. Зеро ин Ватан хонаи мост Пешвои миллат Пешвои воқеан ҳам мардумии мост.