Тамоми мардуми  Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими  истиқлолияти давлатӣ ҳарчӣ бештар  саҳм гузоранд.  Аммо баъзе нохалафони чунин пешравӣ  ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш ба харҷ  доранд, ки онҳо халалдор  созанд.

Як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ намехоҳанд Тоҷикистони  биҳиштосо рӯй ба беҳбудӣ орад. 

Ҳоло Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ободу орому осуда шудааст, мардумаш рӯ ба ҳаёти осоишта оварданд. Чанд сол қабл ҳатто тассавур намекардем, ки  дар давлати ҷангзадаи мо ин қадар роҳҳо, корхонаҳои бузурги саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо бунёд карда шаванд.

Имрӯз мо бояд дарк кунем, ки мубориза бо ин хиёнаткорони  Ватан танҳо вазифаи мақомоти амният ва тартиботи ҳуқуқ нест ва бояд тамоми шаҳрвандон алайҳи  ин иқдоми ноҷавонмардона садо баланд кунанд. Мо ин қувваҳоро бояд содда нагирем. Тори риштаи ин найрангбозон дар дасти хориҷиёне ҳастанд, ки оромии кишвари моро  намехоҳанд. Бо маблағҳои калон ҷавононро дар роҳи хиёнаткорӣ равона сохта, кӯшиш медиҳанд, ки  мардуми моро бар зидди худамон истифода баранд.

Биёед дасти ҳамдигар бигирему барои ҳифзи Ватан аз ин дасиссабозон устувор биистем. Ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу суббот ин ҳама давлату боигарии Тоҷикистон дар дасти ҷавонон буда, вазифаи онҳост нигоҳ доштани ин ҳама муқадасоти меҳан аст. Вагарна ин нохалафон аз хориҷа истода ба обрӯи мо латма мезананд ва майдонро холӣ дида, борони дуруғу тӯҳматро ба сари мо хоҳанд рехт.