Аз мушоҳидаҳои вактҳои охир бармеояд, ки имрӯз бисёре аз собиқ аъзоёни ҲНИ, ки замоне аз тарсу воҳимаи ҳамҳизбиёни худ тарки диёр карда буданд, хатогии хешро фаҳмида,  ба хонаҳои худ баргашта омада истодаанд. Ин идеология нодруст аст, ки ту замоне аъзои ҲНИ будӣ,  имрӯз паси панҷара меравӣ. Ва ин амалро давлат ва ҳукумати кишвар намекунад.

Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Мо ба наҳзатиён мегӯем, ки шикаст хӯрдаед, пас иқрор шавед, ки дар сафҳоятон аъзо намондааст.