Бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ дошта, дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд.

Мо қонуншиканиҳое, ки дар Бадахшон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содир гардидаанд, маҳкум менамоем. Дида истодаем, ки ҳарчанд саркардагонашон савганд ҳам ёд карда бошанд, вале аъзе аз ин ноҷавонмардон, аз ҷумла Хурсанд Мазоров аҳдшиканӣ карда, бо ҷалби чанд майзада фитнаву дасиса эҷод карда истодаанд. Чунин нафарон арзиши номи одамиро надоранд ва набояд иҷозат диҳем ин пастфитратон фазои Боми ҷаҳонро ғуборолуд созанд.

Мо дар маҷмуъ хоҳони онем, ки ҳамеша дар ҷумҳуриямон сулҳу амонӣ пойдор бошад ва ҷойи маҳалгароиро миллатдӯстӣ бигирад.