Аз фоҷеае, ки дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба амал пайваст наздики 40 рӯз сипарӣ шуд. Дилам ба насли одамӣ сӯхт. То куҷо ҳайвонсирату бадгуҳар шудааст «сарбозони наҳзатӣ».  Магар ин аз рӯи адолат аст, вақте миллионҳо сокинони кишвар аз рушди сайёҳӣ болидагӣ изҳор намоянду ҳар хонадон ҳатто беҳтарин анвои хӯрданиашро барои меҳмонон, хоссатан сайёҳон пешкаш созанду бо айби чанд тан аз ҷавонони ноогоҳ  бо тавсияи терористони наҳзативу исломпарастони зоҳирӣ ин ҳама хислатҳои наҷиби тоҷикона фаромӯш шавад? Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.

Андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд.

Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.