Воқеаи нангине, ки чан рӯз қабл дар кишвари мо рух дод, бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем. Онҳое, ки имрӯз дар пардаи ислом худро пинҳон мекунанду бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуб даст мезананд, кӯшиш мекунанд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намоянд. Рафтори ноҷавонмардонаи ашхоси шомил ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки чор нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд,  ба иззату шаъни инсони комилу солимфикр созгор нест.  Онҳое даст ба чунин куштори ваҳшиёна заданд, ки  ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд,  лоиқи номи инсонӣ нестанд.

     Мо, устодон, ки солҳои сол барои маърифатнокии ҷомеа саъй меварзем чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат  сарҷамъона муборизаи беамон мебарем.

  Ғайрат Раҷабов, номзади илмҳои физика ва математика,

Хайриисо Темирова, номзади илмҳои педагогӣ,

Абдушукур  Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

Охунбобо Сайфиддинов, номзади илмҳои техникӣ

Осимов Зайниддин Осимович, номзади илмҳои техникӣ