Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Роҳбарияти ҲНИ ва умуман, аъзоёни он бо ташкили ҳизби худ мусулмонони кишварро ба ду тақсим намуданд. Яке ҳуҷҷатдору дигар беҳуҷҷат. Бар ақидаи аксари онҳо гӯё шомил шудан ба ҲНИ нишони эҳтиром ва арҷ гузоштан ба дини мубини ислом аст. Ин фикронӣ ғалат аст. Агар дар асл чунин мебуд, даҳҳо нобиғаҳои гузашта чунин равия ва қувваро ташкил намуда, баҳри мустаҳкамии пояи ислом кӯшиш ба харҷ медоданд.

Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад.

Мо тарафдории амну осиш ва Ҳукумати кунунӣ ҳастем ва барои ҳифзу шарафи он омодаем, ки ба ҳар гуна мақолаву хабарҳои бӯҳтонангез посухи воқеӣ дода бошем.

Ғайрат Раҷабов,

Охунбобо Раҳимов,

Хайринисо Темирова,

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

собиқадорони меҳнати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд