Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  аз пахши видеоии «фаъолони гурӯҳи 24» вобаста ба тӯҳмату буҳтонҳо  бисёр нороҳат шудем. Зеро ин ҷавонони беҳушу побанди хоҷагони бегона дар сар фикри ҷунунӣ дошта, пешравиҳои давлат ва Ҳукумати кишварро нодида мегиранд. Гӯиё бо ин суханони «подарҳавояшон» ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб мекарда бошанд. Аз навори видеоӣ бармеояд, ки онҳо ба ин иқдоми худ бисёр ноӯҳдабароёна рафтор кардаанд. Зеро ягон далели муътамад барои сиёҳ кардани давлат мавҷуд нест. Маълум, ки пешрафти давлат ва роҳбарияти кишварро онҳо чашми дидан надоранд. Агар чунин намебуд ин қадар Нуриддин Ризоӣ мисли мурғи паршикаста доду фарёд намекард. Аз чеҳраҳояшон маълум буд, ки сахт эҳсосиянд ва маҷбуранд, ки чунин гӯянд.  Ин ҷавонон воқеан ҳам дар ғарибӣ ғуломанд. Ва ғуломдорон аз онҳо талаб доранд, ки бар муқобили душманонашон муборизаи беамон баранд.  Агар имрӯз мо насли наврасро  хислатҳои нек наомӯзонем, мо дар рӯи замин некиро намебинем. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамони нек, ҷавонмардон хайрхоҳу ҳимматбаланд буда, дар рӯи замин ғайр аз ҷангҳои бародаркушӣ чизеро намегирем. «Ҷаҳонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду ҳикмат, бо ақлу заковат, бо илму дониши воло»

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи хасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тағийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд.