Бешак рафтору кирдор ва амалкарди хоинони миллати тоҷик террористони наҳзатӣ, анҷумани бо ном озодандешон, гуруҳи 24, ҷунбиши ислоҳотгарон ва амсоли инҳоро мушоҳида намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин хиёнаткорони лаъин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, вазъи ороми ҷомеаи имрӯзаро халалдор намоянд.  Аслан агар ба фаъолияти роҳбарони ин ташкилотҳои ифротӣ, хиёнаткорони миллат назар афканем маълум мегардад, ки инҳоро пайравӣ кардан на ба тарозуи ақл рост мегираду на ба тарозуи одамигарӣ. Зеро кореро, ки  хиёнаткорони миллат анҷом медиҳанд, боиси нафрат аст. Масалан, тӯҳмат задан нисбати амалкарди мақомотҳои қудратӣ дар мавриди буду боши маҳбусони сиёсӣ на аз рӯи одамгарист. Муҳиддин Кабирӣ яке аз гумроҳон ва хиёнаткоронест, ки чунин идеяҳои иғвоагензро паҳн мекунад.   Бояд қайд кард, ки ҷонибдорони ин теғдорони хиёнаткор душманони ашадии халқу милллат мебошанд. Онҳо бар зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.

Дар баробари ин ба ҷавонони саодатманди Ватани маҳбуб муроҷиат менамоем, ки бояд аз пайравӣ ба ин гумроҳон, теғдорони хиёнаткор канораҷӯӣ намоянд, зеро инҳо на ба модар, на ба падар, на ба Ватан, на ба миллат, на ба мазҳаб, на ба зан, на ба фарзанд раҳму шафқат надоранд, ба ҷуз хоҷагони эронии худ. Аз ин рӯ, дар сурати ба домашон афтодан, онҳо моро ҳамчун моли муфт соҳибӣ намуда, ҳаёти ояндаи босаодаттамонро хоҳанд сӯзонид.

Усмонов Шӯҳрат Заурович, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи сохтмон,

Маъмуров Маҳмуд, номзади илмҳои техникӣ, собиқадори меҳнат,

Мухаммедов Ӯктам, номзади илмҳои техникӣ