Дар факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Ёдкарди шоир Муъмин Қаноат” доир гардид.

Конференсияро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ҷӯраева Дилбар ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки миллати тоҷик бо шоирони бузурги классикиву муосир ифтихор менамояд. Маҳз чунин шахсиятҳои варзида тавонистанд дар фосилаи беш аз 1000 соли таърихи давлатдории тоҷикон фарҳанг, адабиёти ин миллатро шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бо иқдом ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу адабиёти оламшумули тоҷикон дубора шуҳрати пешинаи худро дарёфта, таҷлили солгарди онҳо баҳри худшиносиву хулогоҳии миллӣ таккони бузург бахшид. Номи Мӯъмин Қаноат чун тавонотарин шоири натанҳо миллати тоҷик, балки миллатҳои маскуни даврони шӯравӣ дар хотираи таърих ва адабиёт боқи хоҳад монд, ки соли равон 90 – солагии ин шоири шаҳир таҷлил карда мешавад.

Муовини директор оид ба илм ва ииноватсияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов салому паёми роҳбарияти донишкадаро расонида, баргузории чорабинии мазкурро қадаме дар роҳи худшиносии ҷавонон арзёбӣ кард.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор,  устоди МД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Замира Ӯлмасова зимни баромади хеш зикр дошт, ки  Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, соли 1956 факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Чанд сол дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кард ва дар нашриёти давлатии «Ирфон» низ масъулиятро бар зимма дошт.

Ӯ соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳ ва Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро раҳбарӣ менамуд. Солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 — 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.

Риштаи умри ӯ 18 майи соли 2018 дар синни 86 канда шуд.

Нахустин маҷмӯи шеъраш бо номи «Шарора» соли 1960 нашр шудааст. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Тоҷикистон – исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешаванд.

Достони «Мавҷҳои Днепр»- ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост, ки он Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони машҳури «Сурӯши Сталинград»-садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи АУ ҶТ ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои олии Тоҷикистон буд.

Дар идома номзади илмҳои филологӣ, устоди МД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Файзулло Баҳриев, устодони Донишкадаи политехникии Донигоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ  Хайринисо Темирова ва номзади илмҳои филологӣ Зафар Раҳмонов оид ба зиндагӣ ва эҷоди шоир маърузаҳо намуданд.

Донишҷӯёни донишкада низ аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат карданд.

Бо ҳамин конференсия бо кори худ анҷом пазируфт.