Дар солҳои охир истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст, ки ин аз як ҷиҳат раванди мусбӣ дошта бошад, аз ҷиҳати дигар ангезаи манфӣ низ дорад.

Бинобар маълумоти оморӣ алҳол дар Тоҷикистон беш аз чор миллион ба интернет дастрасӣ доранд, ки асосан ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилоотии дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардурӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд,ки мардумро ба таҳлука ва тарсу ваҳм меандозад. Ҳамаи ин баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати ислом сар зад, зеро ҷонибдорони ин ҳизб бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Пайравони ин ҳизб тарафдори онанд, ки бо ҳар гуна роҳ бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот намоянд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ (Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом) ҳамеша ҷонибдори хоҷагони хориҷии хеш буда, бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилии ҷониби мухолифини кишвар ва махсусан роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион аҳолии мамлакат гуреза шуда буданд.

Тазаккур бояд дод, ки пайравони бадарғаву мазлуми ТТЭ ҲНИ ба мисли Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон сомонаҳои интернетиро маркази асосии тӯҳмату дасисабозиҳои худ қарор додаанд. Бояд таъкид кард, ки то ин дам ин хоинони миллат якчанд сомонаҳои махсуси худро доштанд, ки бо номҳои “Ахбор. ком” ва “Наҳзат. ру” маъруфият доштанд ва наҳзатиҳо бо воситаҳои ин сомонаҳо зидди Ҳукумати қонунии Тоҷикистон садо баланд мекарданд.

Аъзои гурӯҳҳои ифротӣ пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё мессенҷерҳо – Facebook, You Tube, Instagram, Twitter , Одноклассники ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри аҳолии камсавод ё бесавод (асосан, ҷавонон), бекорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд.

Яке аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ сомонаи Akhbor. com маҳсуб меёфт, ки бештар табъи мардумро хира мекард ва ба роҳи гумроҳӣ тела медод.

Хушбахтона дар натиҷаи пешниҳоди махсуси Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи сомонаҳои интернетии амалкунандаи созмони таррористиву экстремистии ҲНИ www. akhbor.com ё “ Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” (“nahzat.ru”) дар Суди Олӣ баррасӣ гардида, фаъолияти сомонаҳои интернетии пешниҳодгардида бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда буд.

Имрӯз аз нав пайравони ТТЭ ҲНИ сомонаи наве ташкил намудаанд, ки бо номи “Бомдод. ком” маълум буда, ҳадафи аслии ин сомонаи интернетӣ низ сиёҳкорӣ ва тӯҳматҳо нисбат ба миллати тоҷик буда, хоинони миллат бо ин роҳ мехоҳанд бо ин васила ба вазъи сиёсии давлат таъсири манфӣ расонида, онро ноором созанд. Аммо, мардуми сарбаланди тоҷик хуб медонанд, ки суханони ин гурӯҳи наҳзатӣ беасос буда, касе ба он эътиборе намедиҳад ва пайравӣ низ нахоҳад кард.

Набиева Ҳ.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд