Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак, Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич!

Яке аз ҳадафҳои ДПДТТХ ва кафедраи таъминоти барқ ва автоматика (КТБА) тайёркунии кадрҳои илмӣ аз ҷумлаи омӯзгорони ҷавон ба ҳисоб меравад.

Албатта, ҳамасола дар донишкада аз ҳар кафедраҳо омӯзгорони ҷавон – олимони ҷавон ҳастанд, ки рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, сафи олимони донишкадаро афзун мегардонанд.

Дар 6 моҳаи аввали соли 2019 аз КТБА 2 нафар омӯзгорони калони кафедра: санаи 08 феврал Тошхӯҷаева М.И. ва санаи 17 май Исломов И.И. рисолаи номзадии худро дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянови Федератсияи Россия бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич пас аз хатми МТМУ № 2, ш. Хуҷанд, соли 2004 ба ихтисоси “1004 – Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)” факултети технологии Филилали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда, донишгоҳи номбурдаро соли 2009 бомуваффақият хатм намуд. Аз соли 2009 инҷониб дар кафедраи таъминоти барқ ва автоматика ҳамчун омӯзгор фаъолият бурда истодааст.

Исломов И.И. соли 2011 ба аспирантураи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянови Федератсияи Россия дохил шуда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи автоматика ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ – А.А. Афанасьев, дар мавзӯи “Исследование ветроустановки с магнитным редуктором” корҳои илмиро оғоз намуд. Санаи 17.05.2019 с. дар Шӯрои диссертатсионии Д 212.301.06 донишгоҳи номбурда рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.

Албатта дар самти тайёркунии кадрҳои илмӣ дар ДПДТТХ саҳми собиқ директори донишкада Анвар Мақсудӣ ва директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода басо арзанда аст. Зеро бо дастгирии Раёсати донишкада аз соли 2011 оғоз карда, дар самти ҳамкорӣ бо мактабҳои олии давлатҳои хориҷа, алалхусус мактабҳои олии Федератсияи Россия Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянов (аз соли 2011) ва Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон (аз соли 2013) омӯзгорони ҷавони кафедра дар аспирантураи донишгоҳҳои номбурда таҳсил намуда, онро бомуваффақият хатм намуда истодаанд.

Ба аспирантураи ДДЧ ба номи И.Н. Улянов аз соли 2011 оғоз карда, соли 2011 – 4 нафар (Қаландаров Ҳ.У., Исломов И.И., Разоқов Ф.М. ва Болтуев Б.М.), соли 2012 – 2 нафар (Мирхолқова Д.С. ва Дадобоев Ш.Т.), соли 2014 – 2 нафар (Тошхӯҷаева  М.И. ва Воҳидов А.Ҷ.) ва ба аспирантураи ДДЭҚ соли 2015 – 1 нафар (Исмоилов И.И.) омӯзгорони ҷавони КТБА дохил шуда, аз рӯи таҳсили ғоибона аспирантураро аз соли 2016 ин ҷониб (25.03.2016 с. – Қаландаров Ҳ.У., 08.02.2019 с. – Тошхӯҷаева М.И. ва 17.05.2019 с. – Исломов И.И.), бо навбат, бомуваффақият рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда истодаанд.

Албатта дар соҳаҳои илмҳои техникӣ гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вақти зиёдро мегирад, зеро барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, ҳар як тадқиқот аз 1 моҳ то 3 сол ва зиёда аз инро талаб мекунад.

Ҳоло дар КТБА аз 17 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон 7 нафар соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Ба Илёсхӯҷа Исломов дар ҷодаи таҳқиқ ва омӯзиш барору комёбӣ ҳоҳонем.

 

 Ҳусейнҷон  Қаландаров, номзади илмҳои техникӣ,

мудири  кафедраи таъминоти барқ ва автоматика