Соли равон ба соҳибистиқлолии мамлакатамон 33 сол пур мешвад. Истиқлоли Тоҷикистон барои ҳар кадоми мо гавҳари ноёб аст. Онро ҳифзу  ҳимоя намудан вазифаи ҳар кадоми мост. Ҷахони пурталотум дар замони муосир  бар  сари  мардуми  олам  рӯи  ҳодисаву  вокеаҳои  басо  муташанниҷу гушнашудеро рӯ ба рӯ сохт.

Мо  ҳама  хуб  медонем,  ки  ташкилотхои  оппозитсионӣ  дар  ҳама  давру замон  алайҳи  ҳар  қавму  миллат  мухолифат  нишон  дода,  боис  ба  сар  задани моҷаро ва хатто ҷангҳои хунину даҳшатвор гардида буданд. Ва маҳз дар чунин ҳодисаву  воқеаҳои  нобасомонихо  нафароне  ҷоннисори  мекунанд,  ки  дар хақиқат ватандору ватандӯст ва сулхофару зидди душман ҷанговаронанд.

Кайд кардан бамаврид аст, ки агар имрӯзи мо ободиву озодии кишвар биҳиштосо бошад, маҳз  ба  шарофати  ҷонфидоёни Ватан ба даст омадааст, зеро хамаи моро маълум аст, ки дар  ҷанги шаҳрвандии бародар бо бародар мо чӣ кадар  нафарони  барумандеро  аз  даст  дода  будем  ва  ҳамаи  он  ба  рушди минбаъдаи  Точикистон  хеле  таъсири  манфӣ  расонидааст.  Аммо  боиси  хеле фараҳманд  гардидани  кулли  мардуми  шарафманди  тоҷик  буд,  ки  мо тавонистем  бар  зидди  мухолифини  кишварамон  дастболо  гардида,  миллати хешро аз дасти хоинону носипосон наҷот диҳем.

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Аз ҳамин лиҳоз барои мухолифони кишвар, ки бо ҳар гуна суханони авомфиребона суӣ мардуми мо тӯҳмат мезананд гуфтаниам, ки хар мухолифе бар зиддди қоидаву қонуниятҳои кишвар амалкарда бошад, кардааст. Ин барои кори касе ва ба миллате монеа набуд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал бомаданияту бофарҳанг ва меҳандӯсту Ватанпарвар буд. Қаҳрамонҳое, дошт ки  ба хотири ояндаи миллати худ, машаққатщои зиёд кашида буданд, яъне имрӯзи моро бар ивази ҷони хеш хариданд. Муҳимтар аз ҳама мо озоду соҳибиқболем. Ва Истиқлоли давлатиро дорем.

Пешвои муаззами миллат бошанд, сарвари арзандаву оқили кишвари мост. Сарваре, ки умри миллатро наҷот бахшидаву халқро ба озодӣ бароварда. Мардумони дар замони ҷанг гурезаҳоро аз хоки Афғонистон баргардонида ва ба зиндагониашон саодат бахшиданд. Ва хушбахтиовар он аст, ки бо нисори чунин ғамхориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даҳҳо нафар фарзандоне, ки ҳамроҳи волидон ба хоки миллати ҷангзадаи Суриёву Ироқ пайвастаанд, бо ташаббусҳои башардӯстонаву меҳрубонона ба Ватан баргардониданд. Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар љомеаи мо шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик имрӯз хушиқболу босаодат зиндагонии орому осударо паси сар мекунанд. Ба ҳамин хотир ҳифзу нигоҳдошти зарраи хоки Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ва поквиҷдонаш аст.

Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқиси надошта бошанд.

Мо медонем, ки дар баробари ин ҳама заҳмату талошҳои бевосита дар кишвар бархе нерӯҳи сохтае пайдо шуда истодаанду ҷавонони моро ба ташкилоти ифротии худ мегараванд. Дар ҳамин раванд вазифаи мо аз он иборат аст, ки бояд худро шиносем ва гузаштагони худро шиносем, ки онҳо хело Ватандӯсту зиррак буданд ва манфиатҳои миллиро аз манфиати хеш боло медиданд.

Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем.

Инсони Ватандӯсту ватанпараст аз азал на ба хотири манфиати худ, балки ба хотири манфиати халқу миллат болотар аз хама арзиши олӣ  дошта бошад, зеро  инсони  комилақл  дарк  карда  метавонад,  ки  фазои  оромиву  озоди  худ тахкимбахши ақидахои солим буда, хидоятгари сулҳпарварист. Сулх, ки дар тамоми олам ҷовидону хукмрон бошад, хама хотирчамъу бепарешонӣ зиндагӣхоханд кард.

Бори дигар бо итминони комил гуфта метавонам, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти мост. Онро бояд гиромӣ  дошт ва ба қадри осудаҳоли бояд расид.

 

 

Низомадинова Р. А. . устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд