Ифтихор аз ватану ватандори ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву меҳанпарастӣ дар ниҳоди ҳар як ватандор нуҳуфта аст. Мардумони ваҳдатшиору сулҳхоҳи кишварамон ҳамеша барои пойдории сулҳу ваҳдат талош доранд ва доимо кӯшиш менамоянд, ки Истиқлолияти давлатиамон ҷовидону  умраш безавол бошад. Ба ҳамин маъни ҳатто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониву баромадҳояшон барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ аз мардум даъват ба амал меоваранд.

Маҳз талошҳои беназиру пайгиронаи сарвари давлат аст, ким о имрӯз дар фазои озод зиндаги дорем. Имрӯз рисолати якояки мо омӯзгорон аст, ки дастуру супоришҳои сарвари давлатро сармашқӣ кори ҳаррӯзаи худ дониста, дар тарбияи хештаншиносии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Зеро маҳз баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳии мардум омили асосии рушду нумӯъи ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Агар мо ба таърихи миллати хеш назар афканем аз азал мо ва мардуми моро маҳз ҳисси баланди худогоҳии миллии зумрае ҷавонмардони шуҷову далер дар мисоли сарсупурдагони Ватан номвару меросбари Исмоили Сомонии тоҷдор гардонд. Имрӯз низ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки бо ифтихор бояд аз Ватани хеш муҳофизат намояд, зеро имрӯз сулҳу оромие, ки дар Тоҷӣкистон ҳукмрон аст, давлатҳое дар қишри замин вуҷуд доранд, ки онро орзу мекунанд. Барои ҳамин бо шукргузорӣ аз ин сарзамини биҳиштосо, аз сарвари давлат, ки ҳамеша аз мардум меандешаду барои ояндаи дурахшони миллат талош мекунад, бедареғ мо низ хизматгузор бошем. Барои ояндагон Тоҷикистони ободу озодро тӯҳфа карда тавонем. Барои фарзандони ояндаи миллати худ аз хизмати хеш чунон дарси ибрат бахшем, ки онҳо моро чун вориси арзандаи Пешвои миллат шиносанд.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд