Санаи 9 марти соли 2024 тариқи телевизион  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа  ва ходимони дини кишварро тамошо намуда, бори дигар аз андешаҳои пурарзиш, хиради воло ва дурбинонаи Сарвари давлат қоил мондем. Пешвои миллат бо нутқи амиқ, нишонрас дар такя ба далелҳои мушаххас кулли соҳаҳоро ба риштаи таҳлил кашиданд. Дар мулоқот вобаста ба анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан, иқдомоти савобу созанда, бунёдкориву ободонӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ва ғайраҳо  изҳори ақида намуданд.

    Пешвои миллат таъкид намуданд, ки равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба вуқуъ пайваста истодааст, аз ҷумла низоъҳои диниву мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сиёсати духӯраи абарқудратҳо нисбат ба терроризму экстремизм, ба бар намудани сатру ҳиҷоб байни занон тақозо менамояд, ки ин масъалаҳоро мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ бояд қарор дод.

   Махсусан, Пешвои миллат таваҷҷуҳи тамоми сохторҳои дахлдори мамлактро ба қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “дар бораи муқовимат бо терроризм ва экстремизм”  ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб намуданд. Бояд гуфт, ки барои канораҷӯӣ аз исрофкориву зиёдаравӣ ва серхарҷӣ, инчунин барои тарбияи дурусти насли наврас, донишомӯзӣ, забондонӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ волидайн, омӯзгорон ва кулли мардум  низ  масъул мебошанд

   Тавре Пешвои миллат дар идомаи баромади худ зикр намуданд: “Мо набояд фаромӯш  кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни оддӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд”.

    Оре, қонунҳои мазкур барои мардуми кишвар бисёр сабукӣ овард, мардум аз зиёдаравию серхарҷӣ канора ҷустанд, падару модарон дар таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти том кӯшиш намуда, фарзандони хешро дар донишкадаҳои пешрафтаи дунё барои омӯзиши касбу ҳунар ва забономӯзӣ камари ҳиммат баста истодаанд.

  Яке аз ҳадафҳои асосии  Пешвои миллат дар хусуси  эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар па  ёми навбатии хеш, маҳз таҳким бахшидан ба сатҳу сифати донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои кишвар ва иҷрои уҳдадориҳо дар ин замина пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо  ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

   Дар ин ҷода ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарстӣ, рафтору кирдори ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Зеро ислом либос наовардааст, балки ҳамаи халқу миллатҳо либоси миллии худро доранд. Аз ҷумла,  мо тоҷикон низ аз қадимулайём либосҳои миллӣ ба монанди атласу адрас  ва чакан дорем. Чаро дигар кишварҳои дунё либоси моро ба бар намекунанду мо либосҳои онҳоро барои фарзандони хеш ҷоиз медонем?. Аз ин рӯ, пеши роҳи ин гуна бегонапарастиро бояд гирему кӯшиш ба харҷ диҳем, ки урфу одат ва арзишҳои миллии тоҷиконаро дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намоем. Чӣ хеле ки Пешвои миллат дар идомаи мулоқот зикр намуданд: “Агар дар забонамон, дар рафторамон, дар кирдорамон зоҳирпарастӣ кунем, ҷелакҳои дароз монем, сатру ҳиҷоб бандем, лекин дилу нияти бад дошта бошем, ин зоҳирпарастӣ асту халос”.

Ин ғамхориҳои навбатии Пешвои муаззами миллат моро ба ояндаи дурахшони миллатамон раҳнамоӣ менамояд. Итмнон дорем, ки ҳар фарди соҳибандеша ва дорои ҳувияти баланд ба қадри ин арзишҳо хоҳанд расид.

  Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд