Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Раиси муаззами ҳизб таъкид медоранд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори му¬дофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи Прези¬денти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад». Маҳз хизмати софдилонаи ана ҳамингуна ҷавонони ба ору ба номуси ватан мебошад, ки имруз мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаему касе ҳуқуқҳои моро поймол намесозаду моро дар зери азобу шиканҷа қарор намедиҳад ва модарону хоҳарони мо бе ягон тарсу ҳарос ва бе таҳлука озодона дар кучаву хиёбонҳо гашту гузор намуда, шукри ваҳдату истиқлолият ва шукронаи Пешвои муаззами миллат ва шукронаи родмардони ба ору ба номуси ватан мекунанд, ки ҷони худро барои муҳофизати ватани азизамон дареғ намедоранд.

Мо ҷавонон ба гуфтаҳои ин Роҳбари давлатамон такя намуда, пайваста барои гулгулшукуфоии милати худ саҳми босазои худро расонем.

    Ба хизмат меравӣ озода фарзанд,

   Дуоят мекунам шоду фараҳманд.

Ба ҳарҷое равӣ, ҷонат ба ҷонам,

    Ману ту як дарахти решапайванд.

                                Бирав амри диёратро адо кун,

 Маро бо хизмати аъло ризо кун.

 

 Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии кишвар рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз шароити хуби таълимиву машқу тамрин дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи кишвар барои аскарону афсарон ба таври замонави муҳайё гардидааст. Агар солҳои пешин ҷавононро иҷборан тариқи “облава” мебурданд, ҳоло ин гуна “амалиётҳо”-и кормандони комиссариати шаҳру навоҳӣ аз байн рафта истодааст. Махсусан, иқдоми роҳандозӣ шудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди хушу хотирмон, дар фазои тантанавӣ гусел намудани ихтиёриён, сафи хизматмекардагонро зиёд намуда, истодааст. Мо, ҷавонони саодатманди ватан бояд ин тадбири созандаро тақвият бахшида, баъди хатми мактаби миёна ва ё донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати модар Ватанро бо сари баланд адо намоем, то дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Модару ватани хеш омода бошем.

   

Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд