Тоҷикистони азизи мо дар охири садаи ХХ ба даргириҳои ҳалокатбор ва ҷанги бемаънии бародаркушӣ, ки асосу мақсади ин аъмол ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд, рўбарў гардид. Касрату касофати ҷанги шаҳрвандӣ боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ, муҳоҷирати бешумори сокинони осоиштаи Ватан, харобию хонаю манзилҳо, фалаҷ гардидани саноату истеҳсолот ва маҷмўан сабаби паҳн гардидани бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ шуд. Ба василаи маводи матбуоти даврӣ, мақолаю хотираҳо, китобҳо, ёддоштҳо, сабтҳои радиоию телевизионӣ мардуми тоҷик дарёфт, ки дар саргаҳи оташ афрўхтани низоъу кашмакашҳои дохилӣ кадом нерўҳо қарор доранд. Бо гузашти вақт мо дарёфтему фаҳмидем, ки ҳама гуна ҳодисаҳои нохуши солҳои 90-ум дар Тоҷикистон рухдода бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва хоинони ватанӣ сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди далелҳои беҳисоб ва шинохти шахсиятҳое, ки воқеан дар харобии сарзамини аҷдодӣ даст доштанд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои якчанд қонуни афв гунаҳкорони ҳаводиси сиёсиро бахшиданд. Баъди талошу музокироти батакрор сулҳи деринтизор насиби халқу миллати мо ва тамоми сокинони мамлакат гардид. Давлату ҳукумат барои ҳар нафари сиёсии дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта сарзада имконоту шароити ягонаро чун дигар шахсон фароҳам овард. Баъди оромию сулҳу субот бозингарони сиёсӣ ба Ватан баргашта, аз ҷомеаи озоди шаҳрвандии кишвар истифода бурда, бо ташкили ҳизб, рўзнома, маҷалла, сомона ва садҳо тақвиму варақаҳои пурнақшу нигор кори таблиғотиро бо усули мухталиф ба роҳ монданд. Ҳарчанд аксари онҳо соҳиби корхонаю муассисаҳои хусусӣ ва машғулиятҳои озоди соҳибкорию тиҷоратӣ буданд, ва ба қавле, дар шурўъу идомаи ҳамаи кори барояшон судманд озод буданд, ё вазифаҳои баландмақоми давлатиро ба уҳда доштанд, аз рўзгору таърихи начандони дур ибрат нагирифтанд. Маълум шуд, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслакони онҳо пайи шикастани пояҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тасмимҳо гирифта, дар дунболи табаддулоти сиёсӣ мебошанд. Ин буд, ки ин шахсиятҳои дар ҳақиқат барои таъмину пойдории мафҳумҳои муқаддаси Сулҳу Ваҳдат хавфнок аз камингоҳ берун омаданд ва чеҳраи аслии худро дар шакли табаддулоти сиёсӣ зоҳир карданд. Маҳз ҳамин кирдори сарварони ин ҳизби ифротии сиёсӣ боиси марги шахсони бегуноҳ, бахусус марги кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид. Роҳбарият ва таблиғгарони Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз зодгоҳ ин аъмоли ноҷавонмардонаро назорату раҳнамоӣ карданд. Чи хеле ки дар урфият мегўянд «хас каму ҷаҳон пок». Дар фурсати кўтоҳ пайи ин тахрибкорон аз хоки поки Ватан рўфта шуд, вале сад афсўс, ки ин ҷамъи фирефта берун аз кишвар, дар долону толорҳо ва ҷойҳое, ки дар мамлакатҳои Аврупо чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мешаванд, сўи ҳамватанону ҳаммилатони худ санги маломат меафкананд.

Филми мустанади «Манқурт», ки чанд рӯз пеш тавассути телевизион пахш шуд, бори дигар собитгари гуфтаҳои болоиянд. Маҳз бо супориши Муҳиддин Кабирӣ шумораи зиёди ҷавонони кишвар ба хлориҷ рафта, бинобар гумроҳии худ ба мактабҳои террористӣ шомил шуданд ва имрӯз аз роҳи интихобкардаашон сахт пушаймонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоку ғаразноки «муҳоҷирони сиёсӣ» огоҳ аст. Ин тоифа чашми бози дидани пешравиҳои сарзамини хешро надоранд ва дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷойи баланд бардоштани парчами Ватан, ифтихормандию сарфарозӣ аз Сулҳу Ваҳдат ба туҳматноманависию дурўғу фиреб машғуланд.

 Тоҷикон халқи соҳибтамаддун ва дурандешанд. Ҳар яки мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорем, ки фарзандони раҳгумкарда боз тири кину адоват ҷониби бародару хоҳари худ кашанд. Мо фиребхўрдагони солҳои 90-уми асри ХХ нестем ва барои мо Сулҳу Ваҳдат, якпорчагӣ, ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва бахту саодати якдигар волотарин гавҳарест, ки сарнавишт насибамон сохтааст.

Зафар Раҳмонов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ