Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии мо дар самти бунёдкориву созандагӣ роҳи ба садсолаҳо баробарро тай намуд ва дар пешрафту ободонии мамлакат ҳазорон нафар фарзандони асили миллат, аз ҷумла бонувони ҷавонони ватандӯст саҳми шоиста гузоштанд ва гузошта меоянд, ки боиси нороҳатию норозигии як гурӯҳ душманону бадхоҳони гурезаи миллат гардидааст.

Имрӯз  онҳо  дар хориҷи кишвар истода, бо ташкили созмонҳои динӣ ҳама неруҳои ифротиро сарҷамъ сохтаанд. Аслиҳаи асосии муборизаи ин нохалофон паҳни иттилооти бардурӯғ, сиёҳ кардани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар дили мардум коштани тухми маҳалгароиву бадбинии якдигар аст. Мутаассифона, миёни ин нафарон ҷавонони гумроҳи зиёде низ ҳастанд, ки бинобар холӣ мондани фазои сиёсӣ, сатҳи пасти дониш, мафкураи начандон васеъ майл ба чунин қувваҳо намудаанд.

Ҳодисаи дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Русия рух дода бори дигар собит намуд, ки танҳо ҳушёриву зиракӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбомӯзӣ, сидқан дӯст доштани Ватан метавонад, сади роҳи ифротгароиву террористӣ мегардад. Боиси афсӯс, ки бо айби ҷавонони гумроҳ ва манқуртшуда имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷику тоҷикияти моро зери шубҳа мегузоранд. Ҷавоне ки ба роҳи бад рафт, миллаташро фурухт, волидонашро эҳтиром накард, ин камбудии мост, ки барояш шароити созгор муҳайё накардем.

Ба ифротӣ шудани чунин ҷавонон пеш аз ҳама мо – аҳли ҷомеа, хоса фаъолон гунаҳкорем. Барои он, ки худамон бо дасти худ фарзандонро ба ҷои илму дониш андӯхтан, забон ёд гирифтан назди мулло мебарем, то олим нашавад ҳам, одам шавад. Аммо хатои маҳз мекунем.

Бояд таъкид намуд, ки дар самти гирифтор шудан ба доми фиреби душманону бадхоҳон ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротгаро насли наврасу ҷавон қишри осебпазир ба ҳисоб мераванд. Пурқувват гардидани хатарҳои замони муосир водор месозад, ки робитаи оила, мактаб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз пеш тақвият дода шавад. Татбиқи амалии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ маҳз ба туфайли ҳамингуна ҳамкории густурда имконпазир аст. Ҷалби ҳар чи бештари наврасону ҷавонон ва бонувон ба омӯхтани касбу ҳунар, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, оммавигардонии варзиш, таъсиси ҷойҳои нави кор шиддати гаравидан ба ҳаракатҳои иртиҷоиро паст мегардонад.

Омили дигари ташвиш ин ҳаҷравӣ аст, ки ба пойгаи давидан шабоҳат дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷомеаи фаъол ва ходимони дин таъкид доштанд: “Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд.

Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.

Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст”.

Албатта ҳаҷ кардан аз амали неки ҳар фарди мусалмон аст. Аммо худнамоишӣ намуда, рӯзгорро саришта накарда, банди қарздор шуданро Худованд хуш надорад. Бар замми ин, пас аз аз маносики ҳаҷ ҳоҷиошиву додани ҳар гуна армуғонҳо, ташкили шабншиниҳои ҳоҷиён нишонаи ҷоҳилият ва таассубу хурофотпарастӣ маҳсуб мешавад. Бояд ба ин амал нукта гузошт.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд