Ҳамаи мо хуб медонем, ки истиқлолият барои мо озодии виҷдон, сухан, рафторро додааст. Аммо  ин маънии онро надорад, ки мо зиёдравӣ намоем. Солҳои охир бинобар беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ сокинон бо истифода аз таассубу хурофотпарастӣ даст ба амалҳои исрофкорӣ, худнамоишдиҳӣ зада истодаанд, ки боиси норозигии аҳли ҷомеа гардида истодааст. 

Яке аз рукнҳои дини мубини ислом, ки барои бандагонаш дар сурати имкон доштан фарз аст, ин зиёрати хонаи Худост. Аммо дар ягон китобҳои муқаддаси динӣ ишора нашудааст, ки ҳоҷӣ пас аз омадан дастурхони шоҳона кушояд ва атрофиёнро зиёфат диҳад.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар омадааст: “Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тақрибан 300 ҳазоршаҳрвандони кишвар баҳри ҳаҷ ба зиёрати Каъба мушарраф  шудаанд. Ҳол он, ки давоми 70 соли пешин, яъне, даврони шӯравӣ танҳо 400 нафар сазовори ин аркон шуда буданд. Аммо, раванди адои ҳаҷ, ки қисман онро мақомотҳои давлатии кишвар ба низому танзим даровардаанд, ҷараёни таассубу худнамоишдиҳиро ба худ  касб намудааст ва зуҳуротҳои манфии он ба касодшавии ҷомеа оварда истодааст. Аввало, маълум нест, ки ҳоҷии навбаромад маблағи ҳаҷравиро чӣ тавр пайдо кардааст?. Баъдан, ҳоҷӣ тамоми фазилатҳои диниву дунявиро иҷро кардааст? Мушкилоти молиявию иҷтимоии оилаву маҳалла, мардуми наздиконро медонаду ҳалл кардааст? Ботинан барои адоии ҳаҷ омода шудааст? Даҳҳо саволҳои дигар ба ин тоифаи ҷомеа интизори посухи муфассалу мушаххасанд. Танҳо аз масъулину фаъолон мебояд  ҷавоби онро интизор гашт. 

         Пӯшидани сару либоси ғайр, ташкили ҳоҷиошӣ бо забҳи чорво, худнамоӣ дар маъракаҳо, панду насиҳатгӯии ҳоҷии ҷавон ба калонсолон,худ нишонаи возеҳи худнамоишдиҳӣ маҳсуб меёбад.

         Раисони маҳалла, фаълони ҷомеа, сарварони масҷидҳои панҷвақтаро мебояд, ки  дар масҷидҳо, кӯчаю маҳалла, тариқи воситаҳои ахбори омма, нишастаҳои хоса ва ғайра мардумро ба садоқату поктинатӣ ба дину давлат ҳидоят намуда кӯшанд, ки дар ботини мусалмонон Офаридгор бо тамоми покиаш маскун гирад, бар зидди ҳаҷравони каҷравон мавқеи фаъоли оштинопазирӣ дошта бошад. Зеро, агар барпо намудани маъракаи бодабдаба пешгирӣ карда шавад, аллакай нафъе ба иқтисоди ҷомеа хоҳад расид. Ба ҳоҷиёни навбаромад талқин кардани саҳмгузорӣ дар маъракаи ободонӣ, кабудизоркунӣ, ғамхорӣ бо ятимону маъюбон табақаи камбизоатон бунёди дабистону муассисаҳои дигари соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва амсоли онҳо вазифаи бошарафу пурмасъули ходимони дин мебошад, ки алъон бо дараҷаи кофӣ иҷро нашуда истодааст.

         Дар ин радиф, тамоми фаъолони ҷомеа низ вазифадоранд, ки серталабу сахтгир ба масъулияти хеш дар назди ҷомеа бошанду баҳри абадан пойдор гардидани фазои сулҳу субот, оромиву осудагӣ, созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон ҳамеша кӯшиш намоянд.

Ҳамидова Наргис, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд