Тарбияи ҷавонон раванди хеле муҳим ва маъсулиятнок ба ҳисоб меравад, зеро маҳз аз масъулинон ояндаи ҷавонон вобастаи бевосита дорад. Дар айни замон ,дар давраи гузариш аз меҳнати ҷисмонӣ, индустриалӣ ба меҳнати зеҳни аҳамиятнокии ин раванд дучанд мегардад. Дар ин давра ҳашамоти аслиро дар сурате ҷавонон ба даст оварда метавонанд,агар дорои дониши хуб, малакаи эҷодӣ ва танқидӣ фикр кардан дошта бошанд.

Мутаассифона, дар таҷрибаи кории худ мушоҳида мекунам, ки аксари ҷавонон вақти бештари худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё тамошои наворҳо мегузаронанд, ки он ба раванди таълиму тарбия халал ворид мекунад. Албатта истифодаи интернет ҷанбаи муфид ҳам дорад. Аммо бештари маводҳое, ки ҷавонон ба он майл доранд, ин тамошои қатлу куштор, саҳнаи даҳшат ва фаҳш аст. Ҳар як ҷавон бояд хеле хуб дарк намояд, ки худи ӯ офарандаи беҳбуди ҳаёти шахсиаш ба ҳисоб меравад.Агар ҷавон хоҳад,ба мақсадҳои олии худ ноил гардад, вазифаҳои душвортарин ва азимро паси сар намояд, бояд пеш аз ҳама мақсад ва моҳияти ҳаёти худро муайян созад, дар асоси он нақшаи амалисозии ин орзу ниятҳои худро муқаррар намояд. Дар ин самт калиди аслии муваффақият устуворӣ ва рушд ба ҳисоб меравад, ки он имкон медиҳад. на танҳо имрӯз балки дар оянда ба комёби ноил гардад.
Бисёр вақт мушохида менамоям,ки як миқдор донишҷӯён одат  карданд дар ҳолати ҳама мушкилоташон ,ҳамаро ва ҳама чизро гунаҳкор мекунанд. Албатта ин нодуруст мебошад. Дар сурати паси сар кардани ҳар мушкилот мо пурқувват хохем шуд, вагарна дар сурати он мушкилотро аз ҷониби дигар ҳал намудан мо пеш аз ҳама худташаккулёбиро аз даст медиҳем.

Ҳаёт ин мубориза ҳаст, мубориза бар зидди ҳама мушкилотҳо. Аз ин лиҳоз, ҳамеша бояд, кӯшиш намуд, ки мушкилотҳо паси сар шаванд, шумораи онҳо кам гарданд. Дар сурати нокомиҳо ҳеҷгоҳ нахаросе м,беқувватии худро зоҳир нанамоем. Бигзор  на дар ҳама холат ба муваффақият ноил гардем, аз он рӯҳафтода нагардем, барои ба даст овардани он суботкорӣ нишон диҳем. Ҳар шахс бояд ақли худро вусъат ва афзоиш бидиҳад, маҳорати худро пайваста сайқал диҳад.Диққат,хотира ва тафаккури худо инкишоф бидиҳад.Бояд ба ғояҳое таваҷҷӯҳ намуд, ки масалаҳои муҳимро дар бар мегиранд,имконият медиҳанд,ки инсон худ такмил ёбад.Бояд ҳар рӯз, як соати муайяни вақтро барои таффакури эҷодӣ ҷудо намуд.Беҳтарин сайтҳоро барои инкишофи худомӯзи дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намуд. Бояд интизоми худро мустаҳкам намуд,ба сатҳи баланди ирода ноил гашт, ва  барои расидан ба ҳадафҳои  худ устуворӣ ва шавқу ҳавас баҳри расидан ба онро нишон дод. Бо  ин мақсад зарур аст вақтро дуруст истифода намуд ва онро оқилона ва самаранок ба роҳ монд.Дар  хотир доред,ки норасоиҳои воситаҳои зиндагӣ, ниёз дар ҳаёт як муҳаррики тавонон пешрафти шахсӣ мебошад.Бояд ақлро сайқал диҳем. Худро бо шахсиятҳое иҳота намоем, ки шуморо маҷбур менамояд,ки худро тағир такмил ва инкишоф диҳед. Агар  шахс ба каме қаноат кардан одат кунад ,пас инкишофаш қатъ мешавад,и нсон набояд ором бошад. Рафиқон ва ҳамкурсони худро ҷуқуртар биомӯзад. Аз мусобиқа бо онҳо натарсед. Беҳтарин хислатҳои онҳоро барои худ қабул намоед. Имрӯз инкишофи минбаъдаи Ватани азизамон, воридшавӣ он ба ҷаҳони  мутамаддин, пеш аз ҳама аз маъсулиятноки, кӯшишу ғайрати мо ва меҳнати пурсамари ҳар кадом дар соҳаи худ вобаста аст Пас, танҳо ба худ эътимод кунед ва ба худ такя намоем

Шарипова Мадинахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд