Худшиносии яке аз хислатҳои хуби инсонист, ки меҳру муҳаббат ба Ватан, сарзамин, модар ӯро ба чунин ҳисиёт меорад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштан ва арҷ гузоштани ба Ватан, модар,  забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.

Дар шароити имрӯзаи давлату давлатдорӣ, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои мутамаддуми олам сохти давлати миллиро ихтиёрдорӣ намуда аст, мақоми худшиносии миллӣ дар ташаккул ва инкишофи он мавқеи муайянро соҳиб гаштааст. Махсусан дар даврони муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон худшиносии миллӣ метавонад омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, истиқлолияти комили кишвар, ҳолати мавзуни муносибатҳо дар ҷомеъа байни умумиятҳои этникӣ ва мавқеи муайянкунандагии кишвар дар низоми муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар баробари дигар субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ мавҷуд бошад.  Бо хотири дастрасӣ ба доираи ин навъи муносибатҳо зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраи масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, ки инкишофи худшиносии миллии омма аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Ҳамин тавр худшиносии миллӣ омили меҳвар дар рушди давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, боиси ташаккули ҳуввияти миллӣ ва якпорчагии миллату давлати тозаистиқлоли мо мегардад. Ҳар яки мо тоҷиконро лозим аст, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ, новобаста ба мансубияти этникӣ муносибати объективона пеша намуда, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ намоем ва барои рушди давлатӣ миллиамон саҳмгузор бошем. Худшиносии миллиро мо бояд шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузошта, нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад.

Солиева М.Т. муаллим-коромӯзи кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТХ дар шаҳри Хуҷанд.