Тоҷикон дар масири таърихи 6 ҳазор солаи хеш дар баробари ободии шаҳру диёр, густариши адабиёту сухан ҳамчунин соҳиби фарҳанги баланд буданд. Мо зимни мутоилаи асарҳои мондагори Фирлавсӣ, Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳои дигар огоҳ мешавем, ки занони бонувони мо ифодагарии фарҳанги пурғановати тоҷикон маҳсуб мешуданд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон бо талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арҳанги қадимаи тоҷикон умри дубора бахшида шуд.  Махсусан ҷашнҳои милли мо, ки ҳар яке баёнгари қадима будани моро дорад, руҳи ватанхоҳии аҳли кишварро боло бардошт

Дар ин росто либоси миллӣ барои қавӣ гардонидани,  урфу одат, суннатҳои миллии тоҷик ва дар зебову пуршукуҳтар гардонидани ҷашну маросимҳо роли муҳим мебозад. Ҳар як халқу миллатро аз фарҳангу урфу одатҳояш мешиносанд, ки ҳамаи ин дар либоспушӣ инъикос меёбад.

Дар байни дигар арзишҳои миллӣ, аз қабили забони тоҷикӣ, осори аҷдодӣ ва сарзамини аҷдодӣ фарҳанги либоспӯшии миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми арзиши миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Дигар халқияту миллатҳо тоҷиконро аз либосҳои миллӣ: атлас, адрас, чакан ва рӯймол мешиносанд. Ва бояд зикр кард, ки  29 ноябри 2018 бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик – пироҳани модари тоҷик “Чакан” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Вақте касе аз либоси миллӣ сухан мегуяд, симои зане дар тан либоси хоса зебо ва бо рӯймоли орои тоҷикӣ ба назар ба тасвиру симои зани тоҷик ҳусну таровати хоса бахшида ҳусни зани тоҷикро зиёда мегардонад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зан ва модари тоҷик ҳамеша дар ҷодаи посдорони ойинҳои муқаддаси миллӣ саҳм ва роли асосӣ доранд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари иштирокаш дар ҳалу фасли масъалаҳои актуалии глобалӣ ба таҳкими расму оини миллӣ ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳиме пеш мегузорад.

Чунон чи, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба “Рӯзи модарон” чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Мутаассифона, имрӯзҳо тамоюли бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу оини бегона дар фарҳанги либоспушии занон ва духтарон инъикос ёфта, дар баъзе минтақаҳои кишвар ба як ҳолати нигаронкунанда табдил ефтааст.

Бегонапарастӣ дар чунин ҷанбаҳо инъикос мешавад: одоби пӯшидани сару либоси тоҷикӣ дар байни ҷавондухтарон, одоби пушидани рӯймоли тоҷикӣ ва дар гуфтору рафтор низ инъикос ёфта истодааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Тақлиду бегонапарастӣ дар гуфтор ба маънои он ифода меёбад, ки бархе аз ҷавонон, на ин ки фақат духтарон, балки ҷавонписарон низ ҳангоми гуфту гӯ кардан бо забони ноби тоҷикӣ дар байни ҷумлаҳояшон калимаҳои хориҷиро истифода мекунанд, ки ин аз як ҷиҳат дурушт ва аз ҷиҳати дигар нигаронкунанда аст. Ин як падидаи зишт аст, ки қариб дар ҳама марҳилаҳои синну сол паҳн шуда, боиси нигаронӣ аст. Ҳамаи ин ба устувории сутунҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Ҳамаи мо имрӯзҳо дида истодаем, ки фарҳангу ҳусну зебогии либоспушии зани тоҷик либоспушии занони тоҷик коста гардида истодааст, чун дар ҷомеа занону духтаронро бо либосҳои хоси миллати бегона мушоҳида менамоем. Хоси зану духтари тоҷик ин атласу адрасу чакану рӯймоли тоҷик аст.

Бояд зикр кард, ки бо пайравӣ аз мода баъзе аз бонувон аз саломатии худ дида фасонию ҷаззобиро дар мади аввал мегузоранд. Мисол: пойафзолҳои пошнабаланде, ки мепушанд боиси деформатсияи устухонҳои пой шуда, ба артриту тромбофлебит оварда мерасонад. Ҳамчунин сутунмуҳра зери фишори доимӣ қарор мегирад.

Ва аз қафои модаю тренду тақлидкорӣ шуда мо бояд иртиботи хешро ва он фарҳанге, ки ниёгонамон дар тули таърих посу гироми дошта то ба имрӯз расониданд гум накунем. Ҳуввияту фарҳангу арзишҳои миллиамонро аз даст надиҳем.

Бояд фарҳанги милли худро пос дорем.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд