Дар толори донишкада вохӯрии Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони РВКД-и вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо донишҷӯёни факултети информтика ва энергетика баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини директор оид ба тарбия Довудов Гулшан, декани факултет Солиев Одилхӯҷа, Раиси ҷавонони донишкада Масаидов Ҷамшед, устодони факултет низ иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Саидзода Баҳром Раҷабалӣ зикр кард, ки мо бояд бетараф нагардида, аз пайи ободии ин миллату давлати худ гардем. Қайд карда шуд, ки аз гумроҳиву надонистани қонун бисёре аз ноболиғону ҷавонон ба корҳои беҳуда машғул гардида, даст ба ҷиноят мезананд. Аз рӯи ҳисоботҳои охир танҳо ба волидайни ноболиғон 1010 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” мебошад. Сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон бошад дар соли 2018 54 адад буда, дар соли 2019 18 адад ҷиноят кам шудааст.

Имрӯз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷавонон тамоми шароит барои таҳсилу фаъолият фароҳам омадааст. Эълон гардидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” низ яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноякорӣ буда, малакаву ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад. Муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мавриди баррасӣ фаро гирифта шуд. Мулоқоти мазкур ҳисси худшиносиву худогоҳии донишҷӯёнро баланд бардошта, тарбияи ватандӯстиашонро афзун намуд.