Имрӯзҳо аксарияти мардумони рӯи олам, дину мазҳаби гуногунеро дар зиндагии худ парастиш ва паи он он то андозае чуқур рафтаанд, ки ба ҳар суханону амалҳои марбут ба дин зуд бовар мекуннанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар баромади худ бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин борҳо таъкид намуданд, ки инқадар ҳурофотпарастӣ кардан маҳз дар замони муосир хатари калони терррористиву экстремистӣ дорад. Барои ҳамин махсусан ҷавоноро бояд таъкид кард, ки ба суханони ҳар гуна шахсиятҳо бовар накунанд. Зеро ифротгарону моҷароҷӯён маҳз дину мазҳабро воситаи амалигардонии ҳадафҳои нопоки хеш истифода менамоянд.

Мутаассифона имрӯзҳо бинобар сабаби афзудани ташкилотҳои терроритсиву экстремистӣ вазъи аксарияти кишварҳои ҷаҳон нотинҷ гаштааст. Ташкилкунандаи чунин нофаҳмиҳо миёни мардумони як қавму миллат, маҳз кори дасти ифротгарон аст. Зеро ҳадафаи асосии онҳо пеш аз ҳама вайрон кардани фазои конститутсионӣ дар мамлакатҳо ва баъдан бо роҳи фиребу фанд ғасб кардану ба сари қудрат омадан аст. Барои ҳамин Пешвои миллат ҳамеша моро барои зиракии сиёсиро аз даст надодан даъват ба амал меоваранд. Маҳз ба ҳамин хотир соатҳо сухан ронданд, ки мо дар гиромидошти дину мазҳаби поки Ислом устувор бошем ва ба ҳар гуна ақидаҳои сохтаву бофтаи мухолифон оид ба дин бовар накунем. Зеро онҳо маҳз ҳурофотпарастии моро дида, мехоҳанд, ки дар зеҳну шуури мо бо воситаи дин ҳар гуна ақидаҳои ғаразнокро ҷо созанд.

Мо бояд ба қадри чунин дилсӯзиву ғамхориҳои Сарвари давлат расида, пайраву сазовор ба бовариашон бошем. Зеро ягон сарвари давлат ба мисоли Пешвои муаззами миллати тоҷикон ба хотири мардум ин қадар андешаҳои дурбинона накардааст. Маҳз чунин ғамхориҳои падаронаи сарвари давлат аст, ки Истиқлолияти давлатиамон устувору сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор аст. Пас сазовор будан ба чунин шоистагӣ вазифаҳои зиёдеро дар назди фарзонафарзандон мегузорд, ки мо бояд рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу миллат фаромӯш накунем. Барои халқу Ватан хизмат кардану арзишҳои миллии онро гиромӣ доштанро вазифаи аввалини худ донем. Дар ҷомеа дар тарғиби ғояҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум саҳмгузор бошем. Ин аст саодати шаҳрвандӣ Тоҷикистон будану дар фазои ороми Истиқлолият зиндагонӣ намуданд. Шукрона аз ваҳдату ягонагӣ ва муқаддасотро пос доштан.

Хоса барои Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он танҳо имрӯзиён масъуланд. Мо бояд барои устувор мондани пояҳои давлатдории тоҷикон бо таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат ва ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоидро гузошта бошем.

Олимов Насимҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд