Дар раванди ягонаи педагогӣ раванди тарбия ҷои муҳимро ишғол мекунад. Моҳият, инчунин нақши ин равандро тавассути баррасии он дар сохтори раванди умумии ташаккули шахсият фаҳмидан осонтар аст. Тарбиянамоӣ дорои як қатор хусусиятҳо мебошад.

Аввалан, тарбия раванди мақсаднок аст. Тарбия вақте самарабахш мешавад, агар омўзгор мақсади тарбияро, ки ба он кӯшиш дорад, махсус таъкид намояд. Самаранокии бештар вақте ба даст меояд, ки ин мақсад аз ҷониби шогирд маълум ва дарк карда шавад ва ӯ ба қабули он розӣ бошад.

Дуюм, ин як раванди бисёромила аст. Омӯзгор ҳангоми татбиқи он бояд омилҳои зиёди объективӣ ва субъективиро ба назар гирифта, истифода барад. Шахсият ба таъсири бисёр омилҳои гуногун дучор мешавад ва на танҳо таҷрибаи мусбат, балки таҷрибаи манфиро низ ҷамъ мекунад, ки ислоҳи он талаб карда мешавад.

Сеюм, шахсияти муаллим дар раванди тарбия нақши бузург дорад: тафаккури педагогӣ, нишонаҳои хислат, сифатҳои шахсӣ, самтҳои арзишманд.

Чорум, раванди тарбия бо дур будани натиҷаҳо аз лаҳзаи таъсири бевоситаи тарбиявӣ тавсиф карда мешавад. Тарбия таъсири фаврӣ намедиҳад. Натиҷаҳои он на он қадар ба назар намоён, на он кадар равшан худро зоҳир менамояд, чӣ хеле, ки натиҷахои раванди таълим нишон медиҳад.

Панҷум, хусусияти раванди тарбия бефосилагии он мебошад. Тарбияе, ки дар рафти раванди педагогӣ сурат мегирад, ин раванди мунтазам ҳамкории мутақобилаи омӯзгорон ва тарбиятгирандагон мебошад. Як чорабинӣ ҳар қадар равшан бошад ҳам, ба рафтори тарбиягиранда, алалхусус хонанда таъсири калон расонда наметавонад. Агар раванди тарбия доимӣ набошад ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузарад, он гоҳ омӯзгор бояд он чиро, ки шогирд азхуд карда ва баъд фаромӯш кардааст, аз нав мустаҳкам намояд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳамкории омӯзгорон ва тарбиятгирандагон дар раванди педагогӣ бояд ба ташаккули шахсият, рушди иҷтимоӣ ва касбӣ, ҳамоҳангсозии муносибати наврасон бо ҷомеаи атроф, табиат ва худи онҳо равона карда шавад. Барои ин ҳангоми ташкили муносибатҳои таълимӣ аз имконоти барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии таҳсилот истифода бурда, хонандагонро ба чорабиниҳои гуногун, ки ба хусусиятҳои инфиродии синну соли онҳо мувофиқанд, ҷалб намудан лозим аст. Он ташаккули шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар наврасон, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҷрибаи муошират бо ҳамсолон ва калонсолон мутобиқи меъёрҳои умуми эътирофшудаи ахлоқӣ, шиносоӣ бо низоми арзишҳои фарҳангӣ, омодагӣ ба интихоби бошууронаи касб, фарҳанги экологӣ, ки муносибати арзишманд ба табиат, одамон, саломатии худ, муносибати эстетикӣ ба олами атроф, зарурати ифодаи худ дар фаъолияти эҷодӣ, маданияти ташкилотчигӣ, мавқеи фаъолонаи ҳаётиро дар назар дорад.

Қосимова М.Ҳ. , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд