Бо баробари рушди илм ва техника дар равандҳои ҷамъиятии ҷаҳони муосир тағйиротҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Тағйиротҳои баамаломада тарафҳои мусбӣ ва манфии худро доранд. Ҳамчунин бояд қайд намоем, ки суръати ин тағйиротҳо ниҳоят зиёд гардида, бо ин раванди пешгирии таъсири манфии онҳоро душвор мегардонад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва умуман ҷамоати ҷаҳонӣ саривақт аз байн бурдани таъсири манфии ин равандҳо мебошад. Яке аз амалҳои саривақтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин самт қабули Консепсияи миллии тарбия аст, ки он дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллӣ муайян менамояд. Мақсади асосии  консепсияи мазкур ташаккули шахсияи комил ва пойдории анъанаву суннатҳои арзишманди миллӣ мебошад. Дар зери мавҳуми инсони комил пеш аз ҳама инсони аз нуқтаи назари ахлоқию маънавӣ ташаккулёфта, дорои маърифати баланд, дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба монанди раҳму шавқат, зебопарастӣ, ростқавлӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятнокӣ ва ғайра, таҷассум ёфтааст.   

Раванди тарбияи насли наврас ва махсусан ҷавонон ҷабҳаҳои гуногуни худро дорад. Гуногунҷабҳа будани он аз гуногунсамт будани раванди тарбия мебошад, аз ин лиҳоз Консепсияи миллии тарбия низ аз якчанд унсурҳои такибӣ иборат аст. Ба онҳо тарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештансиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифатнокӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, гуманистӣ, зебопарастӣ, маҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, иқтисодӣ, экологӣ, сиёсӣ, ҷисмонӣ, тафаккури иқтисодӣ, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳаёти солим дохил мешаванд. Чӣ хеле, ки дидан мумкин аст консепсияи миллии тарбия тамоми ҷабҳаҳои раванди тарбияи инсониро дар бар гирифтааст. Амалӣ намудани асосҳои ҳар як унсури Консепсия барои тарбияи насли наврас хеле ва хеле зарур мебошад. Масалан ташаккули тарбияи ғоявӣ, миллӣ хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ барои кӯшиши  насли наврас дар самти пойдории истиқлолияти давлатамон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамояд. Дар ҷавонон бояд ҳиссиёти хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ ташаккул дода шавад. Барои ин пеш аз ҳама дониши насли наврас оид ба таърихи миллӣ, меъроси фаҳанги ниёгон сайқал дода шуда, ба ҷалби ҷавонон дар эҳё намудани урфу одат ва анъанаҳои беназири миллӣ эътибори махсус дода шавад. Дигар масъалаи муҳим дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас ин пос доштани забони миллӣ мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумат ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани ҳаргуна озмунҳо ва чорабиниҳо хеле бамаврид аст, зеро бо ин роҳ ҷалби ҷавонон ба раванди ҳифзи забони адабии миллӣ ба як дараҷа таъмин карда мешавад. Таҳкими тарбияи ватанпарастӣ дар насли наврас ва умуман дар аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоят муҳим мебошад, зеро бо баробари пайдоши ҳисси ватанпарастӣ масъулиятнокии онҳо нисбати ҳифзи ватан пойдории давлат баланд гардида саҳми ҳар яки онҳо дар пешрафту ободонии кишвар бештар мегардад. Тарбияи ҳисси ватанпарастӣ бояд дар ҳама самтҳо амалӣ карда шавад: пеш аз ҳама бояд тарғиби дӯст доштани кишвари худ, ҳифз намудани забон, таърих ва арзишҳои миллӣ, эҳё ва пойдории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, қадр намудан ва ҳимоя намудани истиқлолияти давлатии кишвар, саҳмгузорӣ дар пешравию ободонии кишвар аз ҷониби ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.

Дигар унсури Консепсия тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ буда, ин раванд барои баланд бардоштани маънавиёти шахсият равона карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки маҳз ахлоқ ва маънавиети ҳар як шарванд дар маҷмӯъ сатҳи рушди маънавии ҷамъиятро муайян месозад. Бояд ахлоқ, рафтору кирдори ҳар як шахс дар чорчӯбаи меъёрҳои маънавӣ ҷой дошта бошад. Тарбияи рафтору кирдори неки инсонӣ аз оила оғоз гардида, баъдан дар ҷамъият ташаккул меёбад. Бинобар ин бояд пеш аз ҳама маърифатнокии оиладории насли наврас ва аҳли ҷомеаро баланд бардошта, дар оила анъанаҳои оиладории ниёгони моро пойдор намоем, зеро меъроси фарҳанги ниёгонамон дар ин масъала хеле ва хеле пурғановат мебошад.

Таъсири ҷамъият ба рафтору кирдори ҳар як шахс назаррас аст, аммо ҳангоми устувор гардидани пояҳои тарбияи ахлоқию маънавӣ дар ҳар як оила муаммоҳои зиёде ҳалли худро хоҳанд ёфт. Албатта таъсири сохторҳои ҷаъиятию иҷтимоӣ низ дар ин самт дида мешавад, Ҳоло фаъолияти  тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар раванди тарбияи ахлоқию маънавӣ равона гардидааст. Саҳми ин муассисаҳо низ дар баланд бардоштани ахлоқу интизоми насли наврас хеле калон аст.

Бо баробари дида баромадани муаммоҳои дар самти тарбияи ахлоқӣ ҷойдошта гуфтан ҷоиз аст, ки ба маънавиёти миллат метавонанд равандҳои гуногуни ҷаъиятию иқтисодӣ таъсири манфӣ расонанд. Яке аз чунин мисолҳо таъсири шабакаҳои интернет ба ахлоқи ахли ҷомеа ва насли наврас мебошад, ки бо баробари тарафҳои мусбии худ тарафҳои манфии худро низ дорад. Ҳамавақт рушди илм ва техника ба пешрафти ҷамъият мусоидат мекунад, лекин дар баъзе мавридҳо сабаби паст гардидани сатҳи рушди маънавии инсон мегардад. Бинобар ин бояд саривақт ин гуна таъсири манфии раванди тараққиёти илм ва техника бартараф карда шаванд. Умуман новобаста аз рушди илм ва техника бояд пояҳои маънавии рушди инсон ҳамавақт устувор бошанд. Интизому ахлоқу рафтори баланди  инсонӣ на танҳо ба пешрафти маънавии ҷамъият оварда мерасонад, балки сабаби пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат мегардад. Натиҷаи рушди пешқадамтарин давлатҳои ҷаҳон ба ин мисол шуда метавонад.

Дигар унсурҳои Консепсияи миллии тарбия ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ бахусус маърифатнокии ҳуқуқии насли наврас бахшида шудаааст. Дараҷаи пешрафти ҷамъият ва умуман рушди давлат аз сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон хеле ва хеле вобаста аст. Омӯзиши илм ва баланд бардоштани сатҳи донишу малака инсонро ба ташаккули маънавӣ оварда мерасонад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас аз ҷониби Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди такмил додани барномаҳо ва усулҳои тадрис эътибори махсус дода мешавад. Пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тарбияи насли наврас саҳми устодон хеле калон аст. Натиҷаи раванди баландбардории сатҳи маърифатнокӣ маҳз аз натиҷаи кори устодон вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин бояд мақоми устодон дар ҷамъият баланд бардошта шуда нисбати боз ҳам таҳким намудани он кӯшиш ба харҷ дода шавад. Бояд қайд намуд, ки маърифатнокии ҳуқуқии насли наврас ва умуман шаҳрвандон аз сатҳи дониши онҳо вобатагии зиёд дорад. Дуруст дарк намудани қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани дониши мукаммал ба амал меояд. Аз ин лиҳоз бо баробари такмили маърифатнокии шаҳрвандон рушди пояҳои ҳуқуқии он ба амал меояд.

Дигар унсурҳои муҳими Консепсияи миллии тарбия ин тарбияи гуманистӣ ва зебопарастӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки  табиати аслии инсон бояд аз меҳру шавқат поя гирад. Худ сахтдилӣ ва бемеҳрӣ ба табиати инсон хос нест. Натиҷаи аз байн рафтани ин хислати инсонӣ ба оқибатҳои ниҳоят нохуш оварда мерасонад. Мисоли он сар задании ҳама гуна ҷангу ҷидолҳо мебошад. Оқибатҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар ҷангу ҷидолҳои дар таърихи инсоният сарзада ба ҳама маълум мебошанд. Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои ба таҳкими меҳру уқубати инсонӣ таъсиррасонанда ин тарбияи зебопарастӣ аст, зеро мавҷудияти хислати зебопарастӣ намегузорад то, ки дар табиати инсон хислатҳои бемеҳрӣ ва даҳшатпарастӣ пайдо гарданд.

Дар охир бояд қайд намуд, ки ҳамаи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия барои ташаккул ва рушди инсони комил мувофиқат менамояд ва истифодаи он дар раванди тарбия намудани насли наврас хеле бамаврид аст. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки бе тарбияи комил ташкили раванди таълим номумкин аст. Бинобар ин бояд ҳамеша масъалаи тарбияи насли наврас дар ҷои аввал гузошта шуда, он дар ташкили раванди таълим ба таври лозима ба инобат гирифта шавад.  

Ахлоқи ҳамида дар ҳама вақту замон асоси беҳбудии ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият буд ва мемонад.    

Ахмедова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд