Оила яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият ба ҳисоб  меравад. Оила ин мактаби аввалинест, ки тарбия, одоб,  ахлоқ,  маданият, муошират ва хислатхои неки инсонии ҳар як фарди ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Вазифаи ҳар як падару модар дар назди давлату ҷомеа аз он иборат аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи зебопарастиву ободкорӣ, меҳнатдӯстиву сариштакорӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ ба камол расонад. Нақши оила барои устувории ҷамъият, пойдории миллат ва ташаккулу рушди давлат хеле муҳим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон борҳо таъкид кардаанд: “Ҷомеи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Аз ин ру, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, бахри ба давлату ҷомеа пешкаш намудани оилае, ки пойдевораш бо ақлу хиради созанда бунёд гардидааст, кӯшиш намояд.

Дар ҳақиқат, дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар, рафтору кирдори нек, муҳаббату самимият, поквиҷдониву адолат, маърифату маданият, ақлу заковат ҳукмрон аст, ибратест ба ҷомеа. Ҳар фарде,ки  дорои фазилатҳои неки инсонист мавқеи худро дар ҷамъият ба зудӣ ишғол карда метавонад .

Накши модар дар оила бузург  аст. Аклу заковат,донишу хирад ва мухаббати самимии модар барои пойдориву устувории оила ва тарбияи дурусти фарзандон ахамияти мухим дорад. Зани хонадон саводноку бомаърифат бошад, кӯдакон дар рӯхияи худогоҳию хештаншиноси, ватандӯстиву созандагӣ ба воя расида, дар ҷомеа пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб, рафтору кирдорҳои бад, муҳоҷирату нобаробариҳо, сар задани омилхои ҷинояткорӣ осон мегардад.

Дар баробари ин мардон, ки сардори оилаанд, бояд ба чароғи хонадон-ҳамсар ва модари фарзандони худ ҳурмату эҳтиром ва самимият дошта бошанд. Муомилаву муоширати хуб нисбати ҷинси латиф ба тарбияи фарзандон таъсири хуб мегузорад ва ба пешгирии ҳама гуна зуроварӣ, аз қабили зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ дар оила мусоидат мекунад. Фарзандон дар навбати худ аз хислатҳои неки падару модар сабақ омӯхта,  дар зиндагӣ пайрави волидайн мегарданд.

Масъалаи пойдории оила, солимии он ва тарбияи хуби фарзандон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Бигзор дар ҷамъияти мо оилаҳои тифоқу мустаҳкам ва намунавӣ бисёр бошанду бо шарофати чунин оилаҳои  солим ҷомеа ва кишвари азизи мо рушд ёбад.

Атаева Т.Х., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд