Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо  торафт таҳкиму густариш меёбад.

Аммо, ҳоло низ дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварамонро нодида мегиранд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинии худ дар зеҳну шуури сокинон ақидаҳои бадбиниро бунёд месозанд.

Аз ҷумлаи нотавонбинон амсоли Муҳаммадиқбои Садриддин  имрӯз берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пиёда сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои зиёд кардани тарафдорону пайравони хеш кӯшиш меварзанд.  

Дар нигоҳи аввал ин суханрониҳо, ки гоҳо бо оятҳои каломи раббониву  ҳадисҳои набавӣ, гуфтаҳои бузургон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иқтибосҳо оро дода мешаванд, дархӯри мардуми диёр ҳастанд ва ҳамагон муштоқи онҳоянд. Вале дар асл, беасосию бебунёдӣ, фиреби маҳзу туҳмати хушку холӣ будани матни чунин суханрониҳо қадру қимати онҳоро ба хоки сиёҳ баробар мекунад. Шахсони дилогоҳу аз асли гап бохабар на онҳоро гӯш мекунанду на ба онҳо бовар доранд.

Миллати мо ҳамчун миллати фарҳангсолору соҳибтамаддун гӯши панду андарзшунав дорад, фармудаву гуфтаҳои қобили қабулро хуш мепазирад ва дар ҳалли муаммову мушкилот машварату маслиҳатро муҳим меҳисобад.

Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки агар даъватҳои Муҳаммадиқбол ва пайравонаш ба нафъи аҳли ҷомеа бошад, мардум ҳаргиз аз онҳо сарфи назар намекунанд. Аммо он суханҳо, новобаста ба он ки аз номи кӣ садо медиҳанд, нерӯи муттаҳидкунандагӣ, ба ҳам овардани миллат, ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят кардани ҳамватанонро надошта, дар дилҳо тухми нифоқу кина мекоранд ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷудоӣ меандозанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки созмони «Паймони миллӣ», ки ҳадафаш сарҷамъ намудани гумроҳони хоҷагони бегона аст,   доир ба ҳама мавзӯъ изҳори андеша мекунанд. Аз мадди назари онҳо на танҳо масоили рӯзгори сокинони мамлакат, балки зиндагию фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии дар дигар давлатҳо қарордошта ҳам берун намемонад. Доир ба вазъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ – маориф ва илм, тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, варзишу сайёҳӣ, саноату кишоварзӣ, нақлиёту алоқа ва ғайра сухан ронда истода, гуфтори онҳо ҳамеша бо сиёҳ кардани роҳбарони зинаҳои болоии ҳокимият хулоса мешавад. Бо ибораи дигар, мақсади асосӣ аз «булбулрафторӣ»-и ин қавми хоину ватанфурӯш ҳамин аст: бо кадом роҳу восита ва тариқе набошад, нодида гирифтани пешравию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бадном сохтани давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резонидани обрӯю эътибори халқи тоҷик ва Ватани азизамон дар миқёси байналмилалӣ.

Пешвои муаззами миллат зимни баргузории ҷаласаҳои ҳукуматӣ, чорабиниҳои ҷашниву мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа ҳамеша аз он ёдовар мешаванд, ки бо вуҷуди пешравию муваффақиятҳои назаррас, ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб дар зиндагиамон зиёд аст. Вазифаи аввалиндараҷа ҳамин аст, ки дар ҳамҷоягӣ роҳи ҳалли онҳоро ёбему аз паи ислоҳи камбудиҳо шавем.

Ҳадафи ҳар як шаҳрванди бо нангу ори мамлакат он аст, ки дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо зираки сиёсиро аз даст надода, барои якдиливу якрӯи мубориза барем.

Аминҷонова. Р, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд