Дар шабакаҳои иҷтмоӣ чарх задании навори видеоӣ, ки дар он чанд тан аз ҷавонони «далеру бебок» ва ба гуфти худашон «аз ҷонашон наметарсида», ки худро аъзои гурӯҳи 24 муаррифӣ кардананд, моро ба андеша ворид намуд. Ин ҷавононе, ки нақши асосиро дар ин сҳнаи мазҳакавӣ  бозидаанд,  даъво доранд, ки давлат ва Ҳукумат ҷавононро маҷбуран ба зиди рақибони сиёсӣ мешӯронанд, аммо худи онҳо низ намедонанд, ки бо кадом сабаб ҷамъ омаданд. Манзури онҳо агар норозигӣ аз сиёсати имрӯзаи давлат бошад, пас чаро бо далелу рақамҳои мушаххас сухан нагуфтанд. Ровӣ Нуриддин Ризоӣ, ки шояд аз кӯчаи илми суханварӣ ва сиёсатшиносӣ умуман нагузашта бошад, боисрор  далелҳои сохтаро якеро аз машад меорду дигареро аз кӯи Қоф . Ба ин ҷавонони фурӯхташуда мегӯем:

 Вакте, ки шумоён такя ба ғояи миллӣ намекунед, дастовардҳои давлатро нодида мегиред, вақте, ки роҳбарони Шумо даст ба тероризму экстримизм мезананд, вақте, ки шумо мусулмонҳоро ба ҳукумативу худӣ тақсим мекунед, вакте, ки Шумо нерӯҳои ба ҳам зидро ба сатҳи муборизаи нав мебароред, вакте, ки шумоён принсипхои дунявиятро таҳқир мекунед ва ҳову казо пас барои Тоҷикистон чӣ кор ҳам карда метавонед.  Бовар кунед, ба ҷузъ аз лофзаниву иҷроиши амру фармоишҳои хоҷагонатон дигар ҳеҷ коре карда наметавонед!

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби  гаравидан ба ҳамагуна ҳаракату гурӯҳхо ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки манқуртҳои хоҷагони бегона дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, даъватҳои беасос ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии шӯришгарон манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои онҳо забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Пас моро мебояд ба муқобили хоинони Ватан дастҷамъона мубориза барем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд