Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” омўзгорону мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро водор мекунад, ки дар тадриси ин илмҳо аз ҳама гуна имконоти мавҷуда оқилона истифода баранд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ин истифодаи системаҳои математикаи компютерӣ (СКМ) дар раванди омӯзиши фанҳои дақиқ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар айни замон шумораи зиёди СКМ мавҷуданд, ки онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда бомуваффақият истифода бурдан мумкин аст. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар айни замон барномаҳои Maple, Mathematica, MatLab, Mathcad ва Derive мебошанд.

Дар зер маълумоти мухтасар оид ба баъзе аз ин барномаҳои муосир оварда шуда, дар охир тавсияи методӣ оид ба истифодаи онҳо дода шудааст. 

Дар умум, аз ибтидои асри ҷорӣ сар карда, ҷаҳони математикаи компютерӣ  дар муқоиса бо бисёр соҳаҳои дигари таъминоти барномавӣ дигаргуниҳои зиёдтарро аз сар гузаронда, ба самти пешравӣ тамоили бештареро нишон дода истодааст.  Дар тӯли ин солҳо «маҳсулнокӣ»-и системаҳои мавҷуда ба маротиб афзоиш ёфта, маҷмӯи имкониятҳои функсионалии онҳо, бо сабаби  дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои тадқиқоти нави илмӣ хеле  ғанӣ гардидаст.  Инчунин барномаҳои  нави аслии компютерӣ  барои ҳалли масъалаҳои математикӣ арзи ҳастӣ кардаанд, ки аксаран барномаҳои кушод буда, озодона паҳн шуда истодаанд.

Аз рӯйи бартарӣ доштан дар намуди  ҳисобкуниҳо системаи математикаи компютерӣ (СМК)-ро ба ду синф метавон тақсим кард: бастаҳои муҳандисӣ ва системаҳои алгебраи компютерӣ. Бастаҳои муҳандисӣ барои самаранок иҷро кардани ҳисобкуниҳои ададии  калонҳаҷм сохта шудаанд, системаҳои алгебраи компютерӣ бошанд, пеш аз ҳама ба табдилдиҳии  рамзҳо, табдили объектҳои  математикӣ ва ҳалли таҳлилии масъалаҳои ба онҳо алоқаманд  нигаронида шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар марҳилаҳои аввали пайдоиши компютерҳо, диққати асосӣ ба автоматикунонии ҳисобкуниҳои ададии  калонҳаҷм равона карда  шуда буд. Дар вақтҳои  охир бошад, системаҳои алгебраи компютерӣ дар маркази рушду нумӯъ ҷой гирифтаанд.

Алгебраи компютерӣ дар миёнаи асри XX дар марзи илмҳои математика ва информатика пайдо шуд. Метавон гуфт, ки алгебраи компютерӣ илм дар бораи алгоритмҳои самараноки кор бо объектҳои математикӣ мебошад. Синонимҳои истилоҳи "алгебраи компютерӣ", "ҳисобкуниҳои рамзӣ", "ҳисобкуниҳои таҳлилӣ", «табдилдиҳиҳои аналитикӣ», «ҳисобкунии формалӣ» мебошанд. Системаи алгебраи компютерӣ (англ. computer algebra system, CAS) ин маҷмӯи барномаҳои амалӣ мебошад, ки барои ҳисобкуниҳои рамзӣ пешбинӣ шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар байни системаҳои универсалии алгебраи компютерӣ бастаҳои тиҷоратии Maple ва Mathematica мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, такмил ва тавсеаи майдони истифодаи онҳо дар тӯли зиёда аз чоряк аср, доимо амалӣ шуда истодааст.

Маълумот оид ба системаҳои маъмултарин ва оммавии математикаи компютерӣ, системаҳои MathCAD  ва MathLAB, ки ба таҳсилоти олӣ нигаронида шудаанд аз шабакаи интернетӣ дастрас кардан мумкин аст.

Mathematica. Системаи Mathematica маҳсулоти ширкати Wolfram Research, Inc буда, маҷмӯи хеле васеи воситаҳое дорад, ки алгоритмҳои мураккаби математикиро ба барномаҳо табдил медиҳад. Дар асл, ҳамаи алгоритмҳои дар курси математикаи олии донишгоҳҳои техникӣ мавҷудбуда ба хотираи системаи компютерии Mathematica ворид шудаанд. Дар баъзе кишварҳо (масалан, дар ИМА) системаи таҳсилоти олӣ бо ин барнома зич алоқаманд аст. Яке аз афзалиятҳои бузурги системаи Mathematica дар он аст, ки операторҳо ва усулҳои навиштани алгоритмҳо оддӣ ва табиӣ мебошанд. Mathematica дорои бастаи пурқуввати графикӣ мебошад, ки тавассути он графики  функсияҳои хеле мураккаби як ва ду тағиребандаро сохтан мумкин аст. Бартарии асосии Mathmatica, ки онро дар байни дигар системаҳои сатҳи баланд  савзовори баҳои баланд гардонда аст, дар он аст, ки ин система имрӯз дар саросари ҷаҳон хеле васеъ паҳн шуда, соҳаҳои бузурги татбиқро дар таҳқиқоти илмӣ, муҳандисӣ ва инчунин дар соҳаи маориф фаро гирифтааст.

Maple. Ин маҳсулоти ширкати Waterloo Maple Software буда, аз соли 1984 арзи ҳастӣ дорад.  Ин барнома ба ҳисобҳои мураккаби математикӣ, намоиши аёнии тасвирии маълумот ва амсиласозӣ нигаронида шудааст. Maple имкон медиҳад,  ки ҳам ҳисобҳои ададӣ ва ҳам таҳлилӣ ҳамзамон бо таҳрири матн ва формулаҳо дар варақаи корӣ иҷро карда шаванд.

Корбаст ва пешниҳоди формулаҳо дар формати полиграфӣ, тасвири графикии олиҷаноби ду ва сеченакаа бо аниматсия,  Mapleро  ба таҳриргари графикии илмии пурқувват табдил додаанд.

Забони барномасозии махсуси оддӣ, ва имконияти интиқоли маълумотҳо ба барномаҳои дигар бошанд, Mapleро ба воситаи хеле муассири сохтани алгоритмҳои нав табдил додааанд. Maple дорои интерфейси фаҳмо, қоидаҳои оддии кор ва функсияҳои васеъ мебошад.   

Аз таҷрибаи истифодаи математикаи компютерӣ дар донишгоҳҳо метавон гуфт, ки барномаи Maple барои мақсадҳои таълим хеле мувофиқ аст.  Ин барнома дорои китобхонаи бойи барномаҳо мебошад, ки истифодааш хеле осон аст. Дар барномаи Maple, дар умум, зиеда аз 3000 фармон мавҷуд аст, ки қариб ҳамаи бахшҳои математикаро фаро мегиранд.

 Барномаи Maple имконият фароҳам меорад, ки усулҳои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексионӣ барои донишҷӯени ихтисосҳои гуногун самараноктар шаванд.

Ногуфта намонад, ки сарфи вақт барои шиносоӣ, омӯхтани барномаи Maple ва соҳиби малакаҳои аввалини корӣ шудан, дар муқоиса бо сарфи вақт барои омӯхтани барномаҳои дигар хеле кам аст. Ба замми ин бояд қайд кард, ки унсурҳои фаъолияти тадқиқотӣ ва омӯзишӣ, ки дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани ин барнома пайдо мешаванд, таваҷҷӯҳи донишҷӯенро ба фанни омӯхташаванда хеле зиед мекунанд.

Дар охир, ба хонандаи ин сатрҳо, дар омӯхтани барномаи Maple сабру тоқат ва бурдборӣ таманно карда, дар истифодаи он бо мақсади зарурияти касбӣ ва  талаботи инфиродӣ муваффакиятҳо орзумандам.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд