Се сол муқаддам мақсади иғвоандозии Кабирӣ ва фармонбардорони ӯ дар роҳи ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чӣ тавр будани кори муҳассилини ин хизби наҳзати ислом шаҳодат дод. Аз ҳамон вақт мардум алайҳи ин ҷинояткорону терористоне, ки фарзандони онҳоро ба доми худ афтондаанд, аз ҷой бархоста, тарафдори он гаштанд, ки бигзор фаъолияти чунин як ҳизбе, бо номи ислом ном бароварда амалкарди ифотӣ доранд аз байн равад. Зеро ин ҳизб бо воситаи кудрати озодии хамин давлат фаъолият мебурду кор мекард ва далели раво дидани ин рафтор ҷосусона дар чӣ буд, каме возеҳ аст, ки ягона хохиши онҳо дар зери тасарруфи худ даровардани мамлакати мо мебошад. Ҳоло, ки Кабирӣ ман агар инқилоб мекардам, ман агар шӯриш мекардам ва дигар манманиҳоро вирди забон меоварда бошад, мусааллам аст, ки аз нотавони ва дурӯғу тӯҳматҳо алайҳи миллат аст. Зеро ҳеҷ гоҳ мардуми озодихоҳу ватандӯсти мо ҷонибдори инқилобу ошӯб набуд ва нахоҳад шуд. Медонем, ки инқилобҳои наҳзатиҳо паси пардагист, ба хотири он, ки бисёр “мардумдӯстдор” ҳастед. Ва ба хотири мардум “фаъолият” мекунед. Агар тасмими инқилоб дошта бошед, “албатта паҳлӯ ба паҳлӯ мардумон” меистед. Ва як рафтори номардонаатонро низ хуб медонем, ки дар инқилоб бо мардумон “як саф истода” боз аз пушти онҳо корди марговар мезанед.

Он паёмади ошӯбгаронае, ки дар Тоҷикистон ба амал омад ин бевосита ба фикрҳои ғаразноки наҳзатиҳо тааллуқ дошт, агар не пас чаро имрӯз аз роҳбарият ва зхердастонаш сар карда, худро зери таҳхонаи олмониҳову дигар ғарбиҳо пинҳон намудаанд. Ва ҳатто ивази номи ташкилот кардаанд. Боз даъвои онро доранд, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо бо айби макомотҳои қудратӣ мебошанд, охир як дафъа казоват намоед, ки ин низомиҳо барои таъминоти амнияти мардуми халқ шабонрӯз саъю талош меварзанд то ягон хатар ба онҳо таҳдид накунад боз чаро нисбати меҳнату заҳмати хеш нохаққӣ менамоянд.

Бояд андешида сухан кард, ки он ба ягон меъёри суханронӣ мувофиқат кунад,  эътирозеро, ки наҳзатиҳо кардаанд комилан ғалату рӯи рост моро мутаҳҳам кардаанд, ин бӯҳтони бехадаф ва ғайримаъкул хеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад, ки эшон инқилобро барпо намоянд. Гузашта аз ин, бинобар гуфтаи Кабирӣ: “Агар ман инқилоб кардани бошам, ҳади ақал рӯзи инқилобро эълон намекунам, баъдан худам меравам дар дохил ва паҳлӯи мардум меистам”. Дидем, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин чӣ тавр инқилоби “дабдабанок” ташкил кардед. Онро бошад, қариб даҳ рӯз пеш ба тамоми олам паҳн кардед. Ва натиҷаи ин гирдиҳамоии “шоҳона” ро низ дидем, ки бо шармандагии шумо анҷом пазируфт.

Чашми шуморо қатлу куштор, тороҷу яғмои бечорагон ва амалҳои зиддимиллӣ кӯр кардааст. Аллакай ташкили инқилобу шӯришҳо хоси шумо гардидааст. Зеро бо иғво ангезию миллатчигиатон, ки худро давомдиҳандагони нассли босмачиҳо хондед, миёни мардум дигар аҳамияти хосе надоред, на шахсиятатон ва на суханҳоятон. Агар ҳисси мардонагӣ дошта бошед, дар рӯзҳои Истиқлолият ва Ваҳдат бо мардум дар як саф қарор гиред. На ин, ки дар рӯзи инқилоб. Ана маҳз барои ҳамин он қадар худситои карда, аз фарҳангу маданияту мардонагӣ сухан накунед, зеро ҳеҷ гоҳ гузаштагони бофарҳангу мардсифатон босмачиёни ғаддорро нахоҳанд бахшид. Ва ҳатто имрӯзиён низ амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиҳоро.

Мазбудов Субҳон,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд