Тарбия чист? Хок зар кардан,

                  Қатраи обро гуҳар кардан.

  Ҳар як инсон аз рӯзи ба дунё омадан ба муҳаббат, таълиму тарбия ниёз дорад. Шахс дар ҳаёти худ барои ба даст овардани илму ҳунар кӯшиш мекунад.Ояндаи Тоҷикистон дар дасти  ҷавонон мебошад. Обод кардани кишварамон, рушди давлатамонро таъмин намудан дар дасти насли оянда, ҷавонон аст. Аз ин ҷиҳоз, дар мамлакатамон дар ҳамаи соҳаҳо ба масъалаи таълиму тарбия эътибори калон зоҳир карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ бо мавзуъҳои гуногуни тарбиявӣ, таълимӣ гузаронида мешаванд.

Таълиму тарбия додан на фақат ба зиммаи устодон, балки масъулияти падару ва модар, фаъолон, аҳли ҷомеа ҳам мебошад.

Дар Қонуни “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намудан, дар рӯҳияи ватандустӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ва риояи қонунияту тартибот ба камол расонидан риоя карданро зикр кардааст. Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон дар баромадҳои худ дар бораи тарбияи наслҳои оянда сухан гуфта таъкид мекунанд, ки мо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир, яъне кадрҳои баландихтисосе, ки бунёд ва соҳибӣ мекунанд, нуфузи обрӯи давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамонро баланд мебардоранд, тарбия намоем, таълим диҳем, тайёр кунем. Якчанд сол инҷониб паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ (Covid 19) ва оқибатҳои он, фаъолияти терроризму экстремизм, радикализми динӣ давлатҳои дунёро ба хавф андохта истодааст. Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

 Дар олами муосир хатари терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами  сиёсӣ буда, омилҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди тадқиқи илмӣ ва омӯзиш аст. Сабабҳои  пайдоиши терроризму экстремизм   гуногунанд.  Аз қабили, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ,  маърифати ҳуқуқӣ,  моддӣ,  идеологӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ ва ғайраҳо. 

Омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротиро решакан бояд кард.

 Мо бояд хушёр бошем, ҷавонон ба фиребу найрангҳои онҳо гирифтор нашаванд.

Мо, устодон, кураторон дар ҳар дарси худ ҷавононро бо рӯҳи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, вафодорӣ, иззату  эҳтиром бо якдигар, муҳаббат ба Ватан, оила, атрофиён тарбия намоем, таълим диҳем, хайрхоҳ ва саховатманд бошанд.

 

Икромова А.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд