Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдиди колн дорад. Ин раванд барои рушди давлатҳо ва фаъолияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меоварад. Инро дар мисоли давлатҳои Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия, ва ғайра дидан мумкин аст. Дар ҳамаи давру замон чунин ташкилотҳо арзи вуҷуд доранд, ки ба нафрати мардум рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумлаи ташкилоте, ки ғаризаи нопок дораду манфури халқу ватан шудааст ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав намуда ҷавонону мардумонро ба    гумроҳи бурда истодааст.

Имрӯз раҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ гурезаанду дар ҷустуҷўи интерпол мебошанд, гоҳҳо бо тариқи интернет аз куҷое овоз баланд мекунанду худро ҳоми дину диёнат, мазҳабу арзишҳои миллӣ мегиранд, дар асл бошад бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир         ҳақиқатан шиа будани роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Зубайдуллои Розиқ, Илҳом Ёқубов ва дигарон ба  ҳамагон маълум мебошад. Ҳадаф аз шиагароии онҳо ба фикри банда паноҳ бурдани онҳо ба сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки онҳо аҳли суннатро ҳеҷ вақт қабул надоранд, рӯйи рост носазо мегӯянд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузори асосӣ мебошанд.                  Дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳизби наҳзати исломӣ аз аввал муғризона буд, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе набошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Шукри Худо ақли солим ғалаба кард, онҳо натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд, аммо тавонистанд, ки баъзе аъзо ва хусусан роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткорро ба шиагароӣ моил кунонида аз мазҳаби бобоӣ рӯ гардононд. Афсўс, то имрӯз дар дохили Тоҷикистон шиашудаҳо низ вуҷуд доранд, бояд онҳо фикр кунанд, тавба кунанд ва ба мазаҳбӣ аҷдодӣ баргарданд, зеро мазҳабфурӯшӣ баробари ватанфурӯшӣ аст. Касе ки ватанашро мефурўшад, ӯ тайёр аст, ки дар ҳамаи ҳолат мазҳаб, номус қадру қиммат ва арзишҳои миллии худро фурўшад. Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯи истифода кардан, мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар хатми сухан бо итминони комил мегӯям, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад. 

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд