Агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем, ки дар тӯли асрҳо, садсолаҳо одамизодагон ба мушкилию нобарориҳо нокомию рӯзҳои сахт гирифтор шуда, чиқадар азобу машаққат гирифтор шуда, чиқадарҳо азобу машаққти бисёр кашидаанд, ба офату бадбахтиҳо дучор омадаанд ва мутаасифона дар замони мо ҳам рӯзҳои  сахту сангин ба сари инсонҳо меоянд. Бештари мавридҳо ҳамдигарнофаҳмӣ, ҷудоихоҳӣ, худро аз дигарон боло гирифтан, манфиати хештанро пештару авлотар донистану манфиату хоҳиши дигаронро нодидан ва ё нодида гирифтан боиси кашокашу низоъҳо, кинаю ситеза ва ҷангу ҷанҷоли байни одамон, маҳалҳо ва киварҳои гуногун мегардад ва ба сари мардум харобию вайронаҳо,  маҳрумияту талафотҳои гарон меорад. Ҳоло ки инсон, одамизод беҳтарин офаридаи Парвардигори меҳрубон аст. Оллоҳ Таоллоҳ дар Қурони карим фармудааст «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем». Модоме, ки чунин аст ҳамаи инсонҳо новобаста ба миллату нажод наздики Худованд азизу мукаррам мебошанд, онҳо барои Офаридгори худ баробаранд, ягон пасти ё баланди надоранд, ҳама яксон аз лутфу меҳрубониҳои ӯ бархурдоранд. Аз ин рӯ инсонҳоро зарур аст, ки аз амру фармони Худои бузург сар натобанд, худро ва ҳамҷинсони худро шиносанд, нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд, байни одамон меҳру муҳаббат,иззату ҳурмат, дӯстию рафоқат ҳамеша пойдор бошад.

           Дустию дӯстдорӣ дар ҳар як оила, маҳалла, деҳа, шаҳру ноҳия, вилоятҳо, тамоми кишвар ва байни кишварҳо бояд барқарор истода бошад, то ки одамон дар фазои меҳрубонӣ, иззату ҳурмат хушу хурсандона умр басар баранд ва худро саодатманду бахтиёр ҳис карда тавонанд. Мутафаккирону хирадмандон, адибони бузурги оламшумули халқи тоҷик бо санаду такя ба оятҳои китоби муқаддас ва ҳадисҳои ҳидоятбахши Пайғамбарамон барои аҳли башар инсоният панду ҳикматҳои саршор аз насиҳат ва хиради равшангару ибрат мерос гузоштаанд, ки сарчашмаи хушбахтӣ, ҳаёти шоистаи одамон бидуни дӯстию рафоқат амри маҳол ва имконнопазир мебошад.

            Халқи хирадманду заҳматпешаи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо дӯстию ваҳдатро шиори зиндагии худ карда бо халқҳои дигар дӯстона ва хайрхоҳона муносибат карда, чун миллати соҳиби фарҳанг ва маърифати воло дар байни мардумони дигар ном бароварда аст. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Презеденти маҳбуби мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи давлат ва миллати тоҷик дар арсаи Ҷаҳон бо таври рӯзафзун боло меравад.Сиёсати дарҳои кушод,ки рукни асосии сиёсати берунии давлати мо мебошад, меваҳои ширини худро дода истодааст. Беш аз 130 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро барасмият шинохта, робитаҳои дуҷонибаи судманди сиёсии иқтисодӣ ва фарҳангиро бо кишварамон густариш медиҳанд. Дар соли 2018 –«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозшудани сарҳадҳои байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон боиси хушнудии халқҳои дӯсту бародари тоҷику ӯзбек ва дустон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гардид. Рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ба мустаҳкамшавии робитаҳои байни одамон, дӯстию ҳамдигарфаҳми иншоаллоҳ мусоидат хоҳад кард. Ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, бояд шукрашро баҷо орем.

Насимова Манижа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд