Ба ифтихори солгарди ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии бинои факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ байни донишҷӯёни донишкада мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвони “Ватандор” баргузор гардид. Ҳадаф ва мақсади мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳуввияти миллӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни донишҷӯён, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён, муайян ва интихоби варзишгарони беҳтарин, ҳавасмандгардонии донишҷӯёни бомаҳоратро дарбар мегирифт.

Мусобиқа аз рӯи 6 намуд -  тобхӯрӣ дар турник, эстафета, сангбардорӣ, давидан ба масофаи 100 м; ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷойи ист; бандкашӣ баргузор гардид.

Ҳамаи дастаҳои факултет фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа факултети муҳандисӣ-технологӣ соҳиби ҷойи 1, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ соҳиби ҷойи 2, факултети сохтмон ва нақлиёт соҳиби ҷойи 3 гардиданд.  

Дар расми эълони ғолибони озмун муовини директор оид тарбия Зариф Довудов номаи табрикотии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли иштирокдорон расонида, таъкид сохт, ки   имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба туфайли дастгирӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияти кишвар ва таъмини ҳаёти осудаи сокинон басо назаррас мебошад. Дар баробари афсарону сарбозони Ватан, ки имрӯзҳо ҳаёти осоиштаи мардумро сарбаландона ҳифз мекунанд, донишҷӯён низ бо хонишу рафтори содиқона дар таҳкими имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми арзанда доранд.